11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дар кишвари насрониён рӯзи ҳиҷоби мусалмононро ҷашн мегиранд

Палатаи намояндагони Филиппин лоиҳаи қонунеро бо як овоз тасдиқ карданд, ки ҳар сол санаи 26-уми январро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳиҷоб» ҷашн гиранд. Дар ин бора расонаи хабарии Иқна бо такя ба манбаи худ дар Sun Star хабар дод.
203 аъзои парлумони кишвар ба ҷонибдории лоиҳа овоз доданд, ки бо аксарияти овозҳо дастгирӣ карда шуд.

Ҳадафи лоиҳае, ки аз ҷониби вакилон Ансоруддин Абдулмалик Адиён ва Амиксилда Сангкопан муаррифӣ шудааст, хотима гузоштани табъизу камбинӣ алайҳи мусулмонон ва хусусан занони сатрпӯш мебошад.
Ғайр аз ин, лоиҳа ҳимояи ҳуқуқи занони мусалмонро дар иҷрои вазифаҳои динии худ, тарғиби пӯшидани рӯймол ҳамчун рамзи сабр ва шаъну шараф ва қабули таҳаммулпазирӣ, тарзи ҳаёти гуногун равона кардааст.

Муассисаҳои давлатӣ, мактабҳо ва бахши хусусӣ низ ташвиқ карда шуданд, ки ҳар сол ин чорабиниро ҷашн гиранд.
Хотиррасон бояд кард, ки айни ҳол шумори мусалмонони кишвари Филиппин ҳамагӣ 5 дарсади шумори умумии аҳолиро ташкил медиҳанд. 80 дарсади аҳолӣ дар дини насронӣ, мазҳаби католикианд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *