Духтари муҳаҷҷабаи ҳиндӣ, ки мавриди ҳамлаи исломҳаросона қарор гирифт: Наметарсам
Донишҷӯи мӯҳиҷҷабаи ҳиндӣ, ки мавриди ҳамлаи исломҳаросона қарор гирифта, мегӯяд, ки тарсе аз муҳоҷимин ва чунин ҳамалоте надорад.
Бибӣ Мискан Хон, донишҷӯи мӯҳиҷҷабаи ҳиндӣ, ки мавриди ҳамалоти исломҳаросона қарор гирифта ва ба символи муборизаи занони Иёлоти Карнатака дар мубориза бо ҳақи пӯшиш табдил шудааст, дар бораи ҳамалоти каломии исломҳаросона гуфт: Наметарсам.
Хон дар гуфтугӯ бо хабаргузории туркии Анатолу дар бораи ҳамлаи суратгирифта алайҳи худаш ва муборизаи занони мусулмони ин Иёлот барои доштани ҳақи пӯшиш, изҳор кард: Ҳангоме, ки мавриди ҳамла қарор гирифтам ба ёди Худо афтодам ва ин низ манро шуҷоътар ва қавитар кард. Ман ҳам фарёди “Аллоҳу акбар” сар додам.
Ин донишҷӯи ҳиндӣ бо баёни ин ки аз ҳимоятҳои суратгирифта аз вай таҳти таъсир қарор гирифта, афзуд: Хелеҳо паёмҳои муҳаббатомез барои ман мефиристанд. Наметарсам.
Вай бо ишора ба ин ки танҳо барои ҳуқуқи худ мубориза мекунад ва мунтазири раъйи додгоҳи олии Ҳинд дар бораи озодии пӯшиш ва ҳиҷоб аст, гуфт: Мунтазирм раъйи додгоҳи олӣ ҳастам. Қонуни асосии кишвармон мухолифи ҳеҷ дин ва мазҳабе нест.
Хон бо ибрози умедворӣ нисбат ба афзоиши рӯйкарди ҳамзистии мусоламатомези адён дар Ҳинд, изҳор кард: Бархеҳо масири иштибоҳро интихоб кардаанд аммо онҳо низ бародарон ва хоҳарони ман ҳастанд. Мутмаин ҳастам, ки ба зудӣ ҳама чиз бо хубӣ ва хушӣ поён хоҳад ёфт.
Гуфтанист, мамнуъияти истифода аз руйисарӣ ва ҳиҷоб дар Иёлоти Карнатакаи Ҳинд бо вуруди донишҷуёни мӯҳаҷҷаба ба як донишгоҳ дар аввали январи соли ҷорӣ якбори дигар таваҷҷуҳ азҳон умумии ин кишварро ба худ ҷалб кардааст.