Раисҷумҳури Боливия боздошт шуд
Раисҷумҳури Боливия, ки бо чанд соат қабл аз қудрат канорагирӣ карда, изҳор дошт, ки бар асоси ҳукми ғайриқонунӣ боздошт шудааст.
Э́во Моралес, раисҷумҳури Боливия дар тиввтери худ навишт: Дар ҳузури ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Боливия эълом мекунам, ки як маъмури полис бо судури ҳукми ғайриқонунӣ мехоҳад маро боздошт кунад
Вай афзуд: “Ҳамчунин гурӯҳҳое, ки боиси эҷоди нооромиҳои ахир шудаанд ба манзилам ҳамла карданд. Кудетогарони ҳокимият қонунро зери по гузоштаанд”.
Луис Фернандо Комочу, аз мухолифони ростгаройи минтақаи Санта Круз низ бо баёни ин ки ҳукми боздошти Моралес содир шуда, эълом кардааст:
“Нерӯҳои амниятӣ дар Чопра, ҷое, ки Моралес пинҳон шудааст ба думболи ӯ ҳастанд. Сарбозон ҳавопаймо риёсатҷумҳуриро тавқиф карданд”.
Пас аз интихоботи риёсатиҷумҳурии Боливия дар таърихи 20 октябр опозисиюн муддаии тақаллуб дар интихобот шуд ва аз ҳомиёни худ хост, ки ба хиёбонҳо биёянд.
Мухолифон ва мӯътаризон дар эътироз ба натоиҷи ин интихобот дар хиёбон тазоҳурот мекунанд ва хосторе баргузории муҷаддади интихобот бидуни ҳузури Моралес ҳастанд.
Вилёмз Колмон, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Боливия дирӯз хостори истеъфои Мораалес шуд ва эълом кард:
“Тавсия мекунем Моралес барои ҳифзи амнияти мардум ва адами афзоиши даргирӣ дар Боливия истеъфо кунад. Мардум ва мӯътаризон низ ба хушунат поён диҳанд то ба хунрезӣ кашида нашавад”.
Моралес сипас ин дархостро кудето донист ва гуфт, ки тасмими истеъфоро барои ҷилавгирӣ аз осеб расондани Карлос Месо ва Луис Фернандо Комочу раҳбарони мухолиф гирифтааст.