Пентагон: сарбозони амрикоӣ аз 5 пойгоҳ дар Афғонистон хориҷ шудаанд
Шумори сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон ба 8600 нафар коҳиш ёфтааст.
Ҷонотон Ҳофман, сухангӯи Вазорати дифои Амрико (Пентагон) дирӯз тасдиқ кард, ки тибқи тавофуқномаи сулҳ, ки дар моҳи феврали соли равон миёни Амрико ва Толибон имзо шуд, сарбозони амрикоӣ аз панҷ пойгоҳ аз Афғонистон хориҷ шудаанд.
Ҳофман афзуд: «Нерӯҳои амркиоӣ дар Афғонистон дар ҳудуди 8 ҳазор боқӣ монда ва панҷ пойгоҳ, ки пеш аз ин зери идораи нерӯҳои амрикоӣ буд ба шарикони афғони мо супорида шуданд».
Ӯ дар идома гуфт, ки Амркио ба мубориза бо терроризм, омӯзиши нерӯҳои амниятии афғон ва ҳимоят аз ин нерӯҳои дар Афғонистон, идома хоҳад дод: «Мо тавоноиҳо ва мақомоти лозимро барои муҳофизат аз худ, муттаҳидон ва шарикони худ ва манофеъи миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳифз мекунем».
Рӯзи гузашта, Залмай Халилзод, фиристодаи махсуси Амрико барои сулҳи Афғонистон низ гуфт, ки сарбозони амрикоӣ аз панҷ пойгоҳ дар Афғонистон хориҷ шудаанд.
Як мақоми амрикоӣ дар Кобул, ки хост номаш гирифта нашавад рӯзи сешанбе ба Тулӯънюз гуфтааст, ки нерӯҳои амрикоӣ аз панҷ пойгоҳ дар чаҳор вилояти Афғонистон, хориҷ шудаанд.
Ин мақом илова кард, ки пас аз имзои тавофуқномаи сулҳ миёни Амрико ва Толибон дар 29 – уми феврал, нерӯҳои амрикоӣ аз панҷ пойгоҳ дар вилоятҳои Ҳилманд, Арзагон, Пактико ва Лағмон хориҷ шудаанд.
Акнун шумори нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ба 8600 нафар ва шумори нерӯҳои Нато ба 12 ҳазор нафар, коҳиш ёфтааст.