11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Робитаи иқтисодии Чину Ҳинд бо Русия ба куҷо мерасад?

Дар ҳоле, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико таҳримҳои бесобиқаеро алайҳи Русия дар пайи ҳамла ба Укроин эъмол кардаанд ду кишвар — Чин ва Ҳинд, ки дар маҷмӯъ 35 дарсади ҷамъияти ҷаҳонро ташкил медиҳанд дар ҳоли афзоиши додугирифти иқтисодӣ бо Русия ҳастанд. 

Чин ва Русия дар солҳои ахир ба таври афзояндае ба ҳам наздик шудаанд. Аз замоне ки таҳримҳо алайҳи Маскав дар соли 2014 пас аз ҳамроҳ кардани Крим ба хоки Русия эъмол шуд, тиҷорати дуҷонибаи ду кишвар беш аз 50 дарсад афзоиш ёфтааст ва Чин ба бузургтарин мақсади содироти Русия табдил шудааст. 

Ин ду кишвар қасд доранд то тиҷорати куллро то соли 2024 ба рақами 200 миллиард доллар бирасонанд, аммо тибқи ҳадафи ҷадиде, ки дар гузашта дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Пекин барои ширкат дар бозиҳои олимпии замистонӣ муаррифӣ шуд, ду тараф хоҳони афзоиши тиҷорати д ҷониба то рақами 250 миллиард доллар дар сол ҳастанд. 

Тиҷорати кулли Чин бо Русия дар моҳи март беш аз 12 дарсад нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки Пекин аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар пайи ҳамлаи ин кишвар ба Укроин ба таври мукаррар интиқод кардааст. 

Чин: Тиҷорат бо Русия дар моҳи гузашта беш аз 12 дарсад афзоиш ёфтааст 

Додаҳои гумруки Чин дар рӯзи чаҳоршанбе 13 апрел нишон дод, ки тиҷорати куллӣ бо Русия дар моҳи март 12.76 дарсад афзоиш ёфта ва ба рақами 11.67 миллиард доллар расидааст ва дар се моҳаи аввали соли 2022 мелодӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30.45 дарсад афзоиш ёфтааст. 

Дастовардҳои тиҷорати кулл, ки шомили арзиши содирот ва воридот мешавад, бо афзоишҳои қаблӣ мутобиқат дорад ва Русия манбаъи аслии нафт, газ, ангиштсанг ва колоҳои кишоварзӣ барои Чин будааст. 

Русия дар таърихи 24 феврал ба Укроина ҳамла кард. Пекин дар ибтидо аз тавсифи иқдоми Русия ба унвони “таҳоҷум” худдорӣ кард ва борҳо аз таҳримҳои Ғарб барои муҷозоти Маскав интиқод кардааст. 

Чанд ҳафта қабл аз ҳамла ба Укроин, Чин ва Русия шарикии стратегии “бидуни маҳдудият”-ро эълом карданд. Тиҷорати кулл байни Русия ва Чин дар соли гузашта 35.8 дарсад афзоиш ёфт ва ба рекорди 146.9 миллиард доллар расид. 

Чин бо ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия метавонад то ҳудуде “дард”-и ҳамсояи худро бо хариди бештар ҷуброн кунад аммо таҳлилгарон мегӯяанд, ки ҳанӯз ҳеҷ нишонаи муҳиме дар бораи нақзи таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия аз сӯи Чин мушоҳида накардаанд. Ва Пекин бояд муроқиби таҳримҳои эҳтимолии худ низ бошад. 

Ли Кюион, сухангӯи гумруки Чин дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷории Чин бо соири кишварҳо аз ҷумла Русия ва Укроин одӣ аст.” 

Содироти нафту гази Русия ба Чин ба таври пайваста афзоиш ёфтааст. Русия дувумин таъминкунандаи бузурги нафти Чин пас аз Арабистони саудӣ аст, ба тавре ки 15.5 дарсад аз воридоти Чинро дар соли гузашта шомил шудааст. 

Ҳудуди 40 дарсад аз манобеъ аз тариқи хати лӯлаи 4 ҳазору 70 километрии нафти Сибир — шарқи-Уқёнуси Ором ҷараён меёбад, ки бо 50 миллиард доллар қарзи чинӣ таъмини молӣ шудааст. 

Русия ҳамчунин таъминкунандаи шумораи сеи гази Пекин аст ва 16.5 миллиард метр мукааб сӯхт ба Чин дар соли 2021 содир кардааст, ки ҳудуди 5 дарсад аз тақозои Чинро таъмин мекунад. 

Фурӯши газ аз тариқи хати лӯлаи Повер оф Сибир (Power of Siberia), ки ба шабакаи хутути лӯлаи гази Русия ба Ғарб муттасил нест дар авохири соли 2019 оғоз шуд ва қарор аст то соли 2025 ба 38 миллиард метр мукааб дар сол афзоиш ёбад. 

Русия қасд дорад дувумин хати лӯлаи газ бо номи Повер оф Сибир-2-ро бо зарфияти 50 миллиард метри мукааб дар сол бисозад то аз тариқи Муғулистон ба Чин бирасад. 

Русия ҳамчунин таъминкунандаи шумораи дуи ангиштсанги Чин дар соли 2021 будааст. 

Ду моҳ пеш Путин аз қарордодҳои ҷадиди нафту гази Русия бо Чин ба арзиши 117.5 миллиард доллар рӯнамоӣ кард. 

Тиҷорати маводи ғизоӣ 

Тиҷорати маводи ғизоии Русия бо Чин кам аст аммо дар ҳоли густариши арзёбӣ мешавад. 

Чин дар соли 2019 иҷозаи воридоти донаи сояро (соевые) аз тамоми манотиқи Русия дод ва ду кишвар қарордодеро барои бештар кардани ҳамкорӣ дар занҷираи таъмини соя имзо карданд ва шоҳиди рушди бештари ширкатҳои чинӣ дар Русия буданд. 

Содироти соя ба Чин дар соли гузашта ба рақами 543 ҳазору 58 тан расид ва пешбинӣ мешавад то соли 2024 ба рақами 3.7 миллион тан бирасад. 

Чин дар соли 2021 воридоти гӯшти гов аз Русияро таъйид кард ва моҳи гузашта воридоти гандум аз тамоми манотиқи Русияро иҷоза дод. 

Дигар содироти маводи ғизоӣ аз Русия ба Чин шомили моҳӣ, равғани офтобпараст, мурғ, орд гандум ва шоколад аст. 

Чин ҳамчин бо воридоти чӯб ва маҳсулоти вобаста бо он дар соли гузашта ба арзиши 4.1 миллиард доллар, харидори бузурги чӯб аз Ховари Дури Русия аст. 

Аз сӯи дигар, Чин маҳсулоти механикӣ, мошинолот ва таҷҳизоти ҳамлу нақл, телефони ҳамроҳ, худрав ва маҳсулоти масрафиро ба Русия мефурӯшад. Содироти Чин ба Русия дар соли гузашта ба 67.6 миллиард доллар расид, ки афзоиши 34 дарсадиро шоҳид буд. 

Сармоягузорӣ 

Таҳримҳои Ғарб Русияро маҷбӯр кардааст, ки дар солҳои ахир ба Чин барои фурсатҳои сармоягузорӣ нигоҳ кунад ва банкҳои давлатии Чин ба Русия кумак кардаанд то ҳамаи чизро аз зерсохтҳо гирифта то проектҳои нафту газ таҳти тарҳи камарбанд ва ҷодаи Чин таъмини молӣ кунад. 

Додаҳои таҳқиқотии коллеҷи Виллям ва Мерӣ нишон медиҳад, ки Русия дар фосилаи байни солҳои 2000 то 2017 бузургтарин дарёфткунандаи манобеъи молии бахши давлатии Пекин аст ва 107 қарз ва эътибори содиротӣ ба арзиши 125 миллиард доллар аз муассисоти давлатии Чинро байни ин солҳо дарёфт кардааст. 

Чин ва Русия дар соли 2010 иқдом ба истифода аз арзҳои худ барои тиҷорати дуҷониба карданд ва нахустин хати арзии худро дар соли 2014 ифтитоҳ карданд, ки дар соли 2020 онро ба маблағи 150 миллиард юан тайи се сол тамдид карданд. 

Юан 28 дарсад аз содироти Чин ба Русияро дар нима аввали соли 2021 ба худ ихтисос додааст дар ҳоле, ки ин рақам дар соли 2013 танҳо ду дарсад будааст, зеро ҳар ду кишвар ба думболи коҳиши такя ба доллар ва тавсеаи системҳои пардохти фаромарзии марбути худ ҳастанд. 

Пули Чин 13.1 дарсад аз содироти Чин ба Русияро дар ниманахусти сол 2021 ба худ ихтисос додааст дар ҳоле, ки дар июни 2017 танҳо 0.1 дарсад буд. Дороии доллари Маскав аз 46.3 дарсад дар муддати мушобеҳ ба 16.4 дарсад коҳиш ёфт. 

Равобити иқтисодии дуҷонибаи Ҳинд ва Русия ба куҷо меравад? 

Ҳамзамон Ҳинд низ шарики тиҷории муҳимме барои Русия аст ва афзоиши ҳамкории тиҷории иқтисод ва тиҷории байни ин ду кишвар як авлавияти калидӣ барои раҳбарони сиёсии ҳар ду кишвар унвон шудааст. 

Тибқи эъломи давлати Ҳинд қарор аст то соли 2025 сармоягузории дуҷониба ба 50 миллиард доллар ва тиҷорати ду ҷониба ба 30 миллиард доллар афзоиш ёбад. 

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳои расмӣ, аз моҳи март фурӯши нафти Русия ба Ҳинд, “афзоиши қобили таваҷҷуҳе” доштааст ва ба гуфтаи коршиносон ҳавзаи саноъатии Деҳлии нав тавонистааст нафти арзонтаре аз Маскав бихарад. 

Мэтт Смит таҳлилгари ҳавзаи бозори нафт дар муассисаи Кеплер мӯътақид аст, ки Чин ва то ҳадде Ҳинд барои хариди нафти хоми Русия бо тахфифи зиёд гом хоҳанд бардошт. 

Тибқи додаҳои муассисаи Кеплер аз ибтидои моҳи март, панҷ маҳмулаи нафтии Русия ё ҳудуди шаш миллион бушкаи нафт боргирӣ ва озими Ҳинд шудааст ва дар авоили моҳи апрел холӣ карда шудаанд. Хариди нафти Русия ҳудуди як дарсад аз воридоти Ҳиндро ташкил медиҳад. 

Смит гуфт: “Ин мизон ҳудуди ниме аз кулли ҳаҷми нафти тахлияшуда дар соли гузашта ва як афзоиши қобили таваҷҷуҳ аст.” 

Ҳинд саҳми андаке дар воридоти нафти хом аз Русия дорад ва ба таври суннатӣ нафти хоми худро аз Ироқ, Арабистон, Аморот ва Нигерия таъмин мекунад аммо ҳама ин кишварҳо дар ҳоли ҳозир қиматҳои болотре нисбат ба нафти Русия ироа медиҳанд. Ҳинд севумин воридкунандаи бузурги нафт дар ҷаҳон аст. 

Давлати Ҳинд ахиран дар гузорише, ки ба парлумони ин кишвар ироа дода, гуфтааст, ки воридот аз Русия дар соли молии 2021-2022 ба рақами 8.69 миллиард доллар афзоиш ёфт, ки 58 дарсад бештар аз кулли воридоти 5.48 миллиарддолларии сабт шуда дар соли молии 2020-2021 аст. 

Тибқи ин гузориш, содироти Ҳинд ба Русия дар давраи апрели 2021 то феврали 2022 аз 2.67 миллиард доллар сабт шуда дар муддати мушобеҳ соли қабл ба 3.18 миллиард доллар афзоиш ёфт. 

Тиҷорат бо рубл ва рупия роҳе барои давр задани таҳримҳо 

Бо вуҷуди таҳримҳо алайҳи Русия, афроди огоҳ ба Блумберг гуфтаанд, ки Ҳинд дар дар ҳоли барномарезӣ барои афзоиши ду миллиарддолларии маҳмулаҳо ба Русия аст зеро ду кишвар дар ҳоли тавсеаи як системи пардохт ба арзҳои маҳаллӣ барои идомаи тиҷорати дуҷониба дар паи таҳримҳои байналмилалии густурда алайҳи Русия ба далели ҳамла ба Укроин ҳастанд. 

Тибқи ин гузориш, давлати Нарендра Модӣ, нахуствазир Ҳинд дар ҳоли музокира бо Маскав барои озодсозии дастрасӣ ба бозор барои чандин маҳсули сохти Ҳинд аст. Аз сӯи дигар ду давлат рӯйи пешниҳоде барои ҳалу фасли тиҷорат ба рупия ва рубл кор мекунанд ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки Ҳинд воридкунандаи холиси колоҳои русӣ аст ба думболи роҳҳое барои мутаодил кардани тиҷорат ҳастанд. 

Русия яке аз наздиктарин ва қобили эътимодтарини муттаҳидони Ҳинд будааст. Ин кишвар то кунун бузургтарин таъминкунанда силоҳҳо ба Ҳинд будааст. Тибқи додаҳои расмӣ, сармоягузории Русия дар Ҳинд 18 миллиард доллар аст дар ҳоле, ки сармоягузории Ҳинд дар Русия рақами 13 миллиард доллар аст ва тарози тиҷорӣ ба нафъи Русия аст. 

Алорағми таҳдидоти таҳрими Амрико, давлати Нарендра Моди дар соли 2018 қарордоде ба арзиши 5.43 миллиард доллар бо Русия барои хариди сомонаи дифоъии С-400 имзо кард ва таҳвили ин сомонаи мушакӣ дар соли 2021 оғоз шуд. 

Аз сӯи дигар воридоти нафти хоми Ҳинд аз Русия дар моҳи марти имсол то кунун тақрибан чаҳор баробар бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта гузориш шудааст. 

Воридоти нафти хоми Ҳинд аз Русия дар нимаи аввали моҳи март ба таври мутавассит ҳудуди 360 ҳазор бушка дар рӯз буд. Тибқи барномаҳои ҳамлу нақли феълии миёнгини тиҷорати нафт байни ду кишвар ҳудуди 203 ҳазор бушка дар рӯз баровард мешавад. 

Ин дар ҳолест, ки дар сафари чанд рӯзи пеш Моди ба Вашингтон, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико аз вай хостааст то иттикои кишвараш ба нафту гази Русияро афзоиш надиҳад. Аз сӯи дигар Амрико мехоҳад ҳамкориҳои дифоъӣ бо Ҳиндро афзоиш диҳад. Дар ин дидор Байден пешниҳоди кумак ба Ҳиндро барои дастёбӣ ба нафт ва соири манобеъи энерҷӣ дод.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *