11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Парвози раисҷумҳури Қирғизистон бо хатсайри маъмулӣ ҳамроҳ бо мардум (Навор)

Имрӯз, 14 апрел раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбей Жээнбековро дар хатсайри маъмулии Бишкек — Ош диданд.

Яке аз мусофирони ин хатсайр раисҷумҳури кишварашро дар ҳавопаймо мушоҳида карда, аз ҷояш баланд мешавад ва ба мусофирон эълон мекунад, ки ҳамроҳи онҳо раисҷумҳури кишварашон парвоз дорад.

Мардум ин хаббаро бо кафкӯбӣ истиқбол мекунанд.

Тибқи баъзе хабарҳо, Жээнбеков ба маросили сари бародарашКанторо Токтомаматов ба ноҳияи Кара-Кулҷии вилояти Ош сафар кардааст. Бародараш соли гузашта дар синни 69 солагӣ реҳлат карда буд.

Ин иқдоми раисҷумҳури Қирғизистон истиқболи гарми мардуми кишварашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.  баъзе аз шаҳрвандони ҳамсоякишварҳо ҳам ба ин баҳс ҳамроҳ шуда, аз он истиқбол кардаанд.

«Ман ба мардуми Қирғизистон ҳасад мебарам» — навиштааст Гуля аз Қазоқистон.

«Кош ин намунаи ибрат ба дигар ҳамсояҳо мешуд» — гуфтааст Рустам Авлоев,  шаҳрванди Тоҷикистон.

«Дуруст аст! Маросими сари соли бародар кори шахсӣ аст. Борти рақами 1 барои корҳои давлатӣ ҷудо шудааст. Ба корҳои худаш бигзор чун мусофири оддӣ парвоз кунад. Дар ин ҳеҷ бадие нест, ҳамчуноне, ки сутуданӣ ҳам нест» — навиштааст шахсе бо номи Бакит, ки зоҳиран шаҳрванди Қирғизистон аст.

Чунин иқдом дар таърихи пас аз истиқлолияти кишварҳои Осиёи миёна бесобиқа будааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *