11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Тоҷикистону Туркманистон —“ҳамсояҳои сиёсӣ”

Тоҷикистону Туркманистон — кишварҳои мавриди нигаронии ҷаҳони демократия

Таври маълум, Тоҷикистону Туркманистон марзи муштарак надоранд, аммо шабоҳатҳои автократӣ ва дигар хусусияти ғайридемократӣ ин ду кишварро аз лиҳози сиёсӣ дар ҳамсоягӣ бо ҳам қарор додааст. Дар охирин ё тозатарин раддабандие, ки Созмони байналмилалии “Хонаи озодӣ”-и Амрико анҷом дод, Тоҷикистону Тукрманистон ба унвони кишварҳои дар ҷавори ҳам қарор гирифтанд. 

Қобили ёдоварист, ки 10 майи имсол Сардор Бердимуҳаммадов сафари расмие ба Тоҷикистон анҷом дод. Тайи ин сафараш раисҷумҳури Тукрманистон Сардор Бердимуҳаммадов бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар мақомоти тоҷик дидору мулоқот дошт. Ин сафари Сардор Бердимуҳаммадов пас аз оне сурат гирифт, ки ин ду раисҷумҳур дар , пойтахти дигаре аз кишварҳои саркӯбгар ва ҳомии чунин низомҳо дар Осиёи Марказӣ дидор доштанд. Дидори онҳо тайи маросими таҷлил аз пирӯзии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон ба Олмони нозӣ сурат гирифт.

Сардор ба қудрат расид, аммо Рустам интизор хоҳад буд

Тавре гуфтем, ҳарчанд Туркманистону Тоҷикистон марзи муштарак надоранд, аз нигоҳи услуби сиёсӣ онҳо ба ҳам пайванд дониста мешавад: Туркманистон ба унвони аввалин дониста мешавад, ки қудрат дар он дар соли 2022 аз падар ба писар гузашт, агарчӣ динамикаи аз тарафи Бердимуҳаммадови калонӣ бинобар барқарории муҷаддади аз тариқи тағйирот дарҳам рехта шуд, то Сардор Бердимуҳаммадов чун раисҷумҳур дар ин кишвари Осиёи Марказӣ боқӣ монад.

Биёре аз коршиносон ба ин назаранд, ки Эмомалӣ Раҳмон низ аз чунин як нақшае дар Тоҷикистон кор гирифтанӣ аст. Аллакай дар ин замина дар Тоҷикистон иқдомоти сареҳу рӯшане сурат гирифтаанд ва зимнан чанде аз хусусиёти фарқкунанда дар Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасанд, ки болои онҳо низ то ҷое тамаркуз хоҳем кард. Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисҷумҳури кишвар низ, ки дар баҳори соли 2017 ба унвони мансуб шуд, тақрибан мисли Сардор Бердимуҳаммадов барои расидан ба курсии аввали давлат гом мениҳад. Се сол баъд аз ба мақоми шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон расиданаш, дар соли 2020 Рустами Эмомалӣ чун баргузида шуд. Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ шахси дувум дар кишвар маҳсуб мешавад, ки дар ҳолатҳои фақулодда, яъне даргузаштани раисҷумҳур ё ба истеъфо рафтани ӯ ба курсии раёсатҷумҳурӣ такя хоҳад зад. Аммо дар ин миён тафовуте ба назар мерасад. Ин ҳам бошад, тарки қудрат накардани Эмомалӣ Раҳмон аст. Моҳи ноябри соли 2014 парлумони кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат”-ро қабул кард. Қонуни мазкур имтиёзоти зиёдеро барои раисҷумҳури феълии Тоҷикистон қоил шудааст. Аммо он чӣ, ки марбути мавзуи имрӯза мебошад, он аст, ки ин қонун маҳдудиятҳои ба унвони номзади интихоботи президентӣ ширкат кардани Эмомалӣ Раҳмонро ботил кардааст. Яъне маҳдудияти ду бор президент интихоб шудан ба Эмомалӣ Раҳмон дахл нахоҳад дошт ва ӯ ҳақ дорад, бештар аз ин дар Тоҷикистон президент интихоб шавад. Аз тарафи дигар ин имтиёз маънии онро дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон то дами марг дар қудрат боқӣ хоҳад монд. Зеро агар ӯ аз қудрат рафтанӣ мебуд, пас аз нафари дувум шудани Рустами Эмомалӣ ниёз ба Қонуни пешво намемонд. Вале вақте Қонуни пешво, қабл аз раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шудани Рустам қабул шуд, нишоне аз ин буд, ки Эмомалӣ Раҳмон то дами марг дар қудрат боқӣ хоҳад монд. Бинобар ин Рустами Эмомалӣ танҳо пас аз фавти падар метавонад ӯро дар курсии раёсатҷумҳурӣ иваз кунад, ҳол он ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо зиндагии худ писарашро ба чавкии раёсатҷумҳурӣ шинонд.

Туркманистон тиҷорат мекунад, аммо Тоҷикистон гадоӣ

Ин ду кишвари аз лиҳози ҷуғрофӣ ҷудо дар феҳрастҳое “ҳамсоя” мешаванд, ки он ҷо сухан аз сиёсатҳои ғайридемократӣ меравад. Ба унвони мисол, яке дигар аз ин гуна ҳолатҳо дар феҳрасти қарор гирифтани ҳар дуи ин кишвар маҳсуб мешавад. Ҷамоҳири Тоҷикистону Туркманистон дар феҳраст ба унвони ҳамсоя қарор гирифтаанд.

Бояд гуфт, дар зимни сафари раисҷумҳури Туркманистон Бердимуҳадови хурдӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, миёни Душанбе ва Ишқобод ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин асноди ҳамкорӣ шомили бахшҳои мухталифе аз қабили тандурустӣ, амнияти иттилоотӣ ва кибернетикӣ, масоили байторӣ ва ғайра мешаванд. Ҳамчунин дар ин дидор барномаи тавсеаи ҳамкориҳои кишоварзӣ барои солҳои 2023-2025 низ матраҳ буд. Ёддошти тафоҳуми ҳукуматҳо дар робита ба муборизаи муштарак алайҳи сармоягузории терроризм, дар ҷиҳати ҳамкориҳои бонкҳои марказии ду кишвар, ҳамчунин созишномаҳои мухталифе дар умури гумрук, гардиши коло, тиҷорат ва сохтмон низ ба имзои ҷонибҳо расид.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин сафари раисҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон сафҳаи наверо дар равобити стратегии ин ду кишвар боз мекунад. Ҳамчунин ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ӯ дар нишасти ояндаи сарони кишварҳои ва дидори Шӯрои сарони , ки ҳар ду дар Душанбе дар моҳи сентябр баргузор мешаванд, Сардор Бердимуҳаммадов ҳузур пайдо менамояд.

Қобили зикр аст, ки ин ду раисҷумҳур дар Пекин ҳам дидор доштанд. Чин ягона кишваре аст, ки бо Туркманистон тиҷорати густарда дорад, бахусус харидори гази ин кишвар аст. Қарор аст, лӯлаи газе, ки аз Туркманистон ба Чин мерасад, ба ин кишвар расонад. Аммо бо фарқ аз Туркманистон Чин Тоҷикистонро ҳамвора дар баҳри ғуттавар сохтааст. 

Ин ҷо ҳам месазад, ки тафовутҳоеро дар робита ба тафовути ташобуҳи Ишқободу Душанбе баррасӣ намоем. Дуруст аст, ки Туркманистон низ ба Чин наздик мешавад. Ҳол он ки замоне умури асосии минтақа дар дасти Русия буду созмонҳои зиёде бо сарварии Кремл барои минтақа ташкил шуданд, Туркманистон бо сарварии Сафармурод Ниёзов сиёсати бетарафиро ихтиёр кард. Тоҷикистон бошад, бинобар “сиёсатҳои хирадмандона” сиёсатҳои дарҳои бозро баргузид, ки ҳоло ҳам хурҷини гадоӣ бар пушти мақомот овезон аст. 

Ёдоварии ин нуқта барои он аст, ки Ишқобод дар соли гузашта эълон кард, ки тамоми қарҳзои Чинро пардохт намудааст. Феълан ҳам, ки агар бо Чин наздик шудан мехоҳад, ин наздикӣ аз роҳи тиҷорат сурат мегирад. Ҳадди ақал аз тарафи Ҳукумати Туркманистон талош мешавад, то ин қурбат бо тиҷорат сурат бигирад, на бо вобастагии бештар. Аз тарафи дигар пайдо кардани муштарие, ки 80 дарсади газро харидорӣ намояд, кори осон нест. Ҳол он ки тавозуни содироти Тоҷикистон дар баробари воридоти кишвар аз хориҷ ҳамеша манфӣ аст. Агарчи Туркманистон аз роҳи тиҷорат бо Чин наздикӣ меҷӯяд, Тоҷикистонро қарзи ҳарчӣ бештар ба сӯйи Чин савқ медиҳад. На танҳо қарз, балки аз лиҳози сармоягузорӣ ва кумакҳои башарӣ ба Тоҷикистон низ Чин дар феҳрасти аввали кишварҳои кумаккунанда қарор гирифтааст. Вале расонаҳои ҷаҳонӣ ҳамвора аз ғосибии Чин дар кишварҳои заифе чун Тоҷикистон гузориш медиҳанд. Даҳҳо кишвари фақир бо мушкилоти иқтисодии шадид ва ҳатто муфлисӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Сабаби асосии он қарзҳои хориҷии ҳангуфт ва фоизи баланди онҳо мебошад, ки аксари ин қарзҳо ба Чин рост меоянд. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин Оила боз бештар карзҳои “имтиёзнок”-и чинӣ дастрас мекунад.

Кишварҳое дар коми “аждари сурх”

Тавре расонаи амрикоии “The Washington Post” хабар медиҳад, даҳҳо кишвари бенавову заиф, ки зери бори гарони қарзҳои хориҷӣ мондаанд, дучори буҳрони шадид ва ҳатто суқути иқтисодӣ гардидаанд. Аз ҷумла кишварҳои фақире мисли Кения, Замбия, Лаос, Шри-Ланка, Муғулистон ва ҳатто кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ нисбатан пуриқтидори Покистон ба мушкилоти саххтарин дучор шудаанд.

Омори солҳои охир нишон медиҳанд, ки Чин ба кишварҳое, ки ба мушкилоти иқтисодӣ, офатҳои табиӣ ва ғайра дучор шудаанд, ба ҳисоби умумӣ 240 миллиард доллар қарз додааст. Танҳо соли 2021 Чин зиёда аз 40 миллард доллар қарз пешниҳод кардааст. Тавре мутахассисони Донишгоҳи “William & Mary” дар Амрико таҳлил кардаанд, соли 2014 қарзҳои пешниҳодкардаи Чин ҳамагӣ 10 миллиард доллар ва соли 2010 баробар ба сифр будааст.

Дар ҳамин ҳол, дар таҳлили дигаре хабаргузории “Associated Press” менависад, даҳҳо кишвари фақиру даромадашон миёна аксари даромади буҷаи кишвари худро, ки аз ҳисоби андозу боҷ таъмин мекарданд ва барои фаъолияти мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ, таъмини нерӯи барқ, таъмини ғизову сӯзишворӣ ва ғайраҳо ниҳоят зарур аст, барои пардохти қарзҳои Чин сарф менамоянд. Илова бар он захираҳои асъори хориҷии ин кишварҳо низ барои пардохти фоизи ин қарзҳо сарф мешавад.

Ба гуфтаи коршиносон, байни кишварҳо ва созмонҳои қарздиҳандаи ҷаҳон Чин яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки дар сиёсати қарзии худ шадиду бераҳм аст. Аз ҷумла коршиносони “Associated Press” таъкид кардаанд, ки Чин аз бахшидани қарзҳо худдорӣ мекунад ва дар бораи он ки чӣ қадар маблағ ва бо кадом шартҳо қарз додааст, маълумоте пешниҳод намекунад ва аслан чунин маълумотро шадидан махфӣ нигоҳ медорад. Бар замми ин ахиран кашф шудааст, ки Чин кишварҳои қарзгирандаро маҷбур мекунад, то пардохтҳои қарзии худро дар шакли пули нақд ба суратҳисобҳои махфӣ гузаронанд ва қарзҳои Чинро дар мадди аввал қарор диҳанд.

Кишварҳое, ки мавриди таҳлили “Associated Press” қарор гирифтаанд, то 50 дарсади қарзҳои хориҷиашон аз Чин будааст ва сеяки даромади умумии ҳукуматҳо барои пардохти қарзи хориҷӣ сарф мешавад. Аз ҷумла, ду кишвар — Замбия ва Шри-Ланка аллакай ба дефолт (надоштани имконияти анҷом додани ӯҳдадориҳо) дучор шудаанд, яъне амалан муфлис шудаанд ва ҳатто фоизи қарзҳои барои сохтмони бандарҳо, конҳо ва нерӯгоҳҳо гирифтаашонро пардохт карда наметавонанд.

Тавре дар ин таҳлил омадааст, дар Покистон миллионҳо нафар коргарони соҳаи нассоҷӣ бекор монданд ва ин соҳа наздик ба фурӯпошӣ омада расидааст, зеро қарзи аз ҳад зиёди хориҷии кишвар гаронӣ кардааст ва кишвар дигар имконияти фаъол нигоҳ доштани нерӯи барқ ва техникаи истеҳсолиро надорад.

Ҳукумати Кения бошад, додани маоши ҳазорон кормандони давлатиро ба таъхир андохтааст, зеро маблағҳои даромади буҷети давлат ба пардохти қарзҳои хориҷӣ, ки қисми бузурги он аз Чин будааст, равона мешавад. Мушовири раисҷумҳури ин кишвар дар умури иқтисодӣ ҳатто гуфтааст, ки кишвар дар арсаи интихоб байни пардохти маоши кормандони давлатӣ ё эълон кардани дефолт, яъне муфлисшавии давлат қарор гирифтааст.

Шри-Ланка бошад, як сол пеш эълони дефолт карда буд ва пас аз он ним миллион ҷои корӣ дар соҳаи саноат аз байн рафт, таваррум 50 дарсадро ташкил кард ва зиёда аз 50 дарсади аҳолӣ ба фақри шадид рӯ ба рӯ шуд. Чин яке аз бузургтарин қарздиҳандагони ин кишвар ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки дигар қарздиҳандагон, аз ҷумла Сандуқи Байналмиллалии Пул кӯшиш кардаанд, ки Чин ба Шри-Ланка баъзе имтиёзҳо диҳад ва имкон диҳад, ки кишвар қарзи худро дертар пардохт кунад, Чин шадидан пофишорӣ кардааст ва розӣ нашудааст.

Ҳукумати Замбия низ аз сабаби қарзҳои хориҷии ҳангуфт ва фоизи баланди он дучори мушкилоти бузург ва ҳамчунин маҷбур шудааст, хароҷоти соҳаҳои муҳим, аз ҷумла иҷтимоӣ, тандурустӣ ва таълимро кам кунад. Вақте Ҳукумати Замбия хоҳиш кардааст, ки Чин қисме аз қарзҳоро бахшад ё сабук кунад, Чин шадидан рад кардааст. Гуфта мешавад, Чин аз рӯи қоидаҳои байналмиллалӣ бозӣ накардааст, ба музокироти чандтарафаи қарздиҳандагон ҳамроҳ нашудааст, баръакс бо Ҳукумати Замбия гуфтушуниди алоҳида ва махфиёна анҷом додааст ва ҳатто аз ҳукумат талаб кардааст, ки шартҳои гуфтушунидро махфӣ нигоҳ дорад. Ин ҳама боис шудааст, ки кишвар ба дефолту муфлисшавӣ дучор гардад. Дар натиҷа, таваррум дар кишвар ба 50 дарсад дакка хӯрдааст, сатҳи бекорӣ ба таври бесобиқа боло рафтааст, пули миллии кишвар дар чанд моҳ 30 дарсади қурби худро аз даст додааст. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, наздик ба 3,5 миллион нафар аҳолӣ ба танқисии шадиди ғизо дучор шудааст.

Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки агар Чин мавқеи худро дар робита ба қарзҳои худ ба кишварҳои фақир сабук накунад, дар ояндаи наздик метавонад мавҷи бештари дефолту муфлисшавии кишварҳо ва ҳатто таҳаввулоти сиёсӣ дар ин кишварҳо ба вуҷуд ояд.  

Дар ҳамин ҳол, Ҳукумати Тоҷикистон рӯз аз рӯз вобастагии худро аз Чин бештар мекунад ва солона садҳо миллион доллар қарзҳои нав ба даст меорад. 

Тибқи маълумоти расмӣ, аввали соли 2023 қарзи хориҷии Тоҷикистон 3,2 миллиард долларро ташкил дода буд. Гуфта мешавад, аз ин ҳудуди 2 миллиард доллар ба Чин рост меояд. Ба қавли мақомот, қарзи хориҷии Тоҷикистон 28,5 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил додааст. Соли 2022 барои адои қарзи хориҷӣ 254,6 миллион доллар ҷудо шуда, 72 миллион доллари ин маблағ ба фоизҳо равона шудааст.

“Сиёсати хирадмандона”-и пешво дар ҷиҳати дарёфти қарз

Пайдо кардани маълумоти дақиқе дар мавриди он, ки Ҳукумати Тоҷикистон чӣ қадар аз Чин қарз гирифтааст, ин қарзҳоро ба кадом мақсадҳо сарф кардааст, аз он чӣ миқдор фоиз месупорад, кай онро бояд баргардонад ва бо кадом роҳу восита бармегардонад, имкон надорад ва ин қазияро на Ҳукумати Тоҷикистон ва на Ҳукумати Чин ҳеҷ шарҳе намедиҳанд. 

19 майи соли 2023 расонаҳо хабар доданд, ки “пешвои миллат” барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар Саммити сарони давлатҳои «Чин+Осиёи Марказӣ» ба Чин сафар кард. Саммите, ки нигаронии кишварҳои дигар, аз ҷумла Ғарбро ба бор овард, зеро аз боло рафтани нуфузи Чин дар минтақа хабар медиҳад. 

Дар ин нишаст тарафҳо чанд санаду созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расониданд, бештари санадҳо дар масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ буд. 

Гуфта мешавад, дар рафти ин сафар мавзӯи дӯстдоштаи “пешво”, яъне қарзу грантҳои Чин низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад, ки “ҷониби Чин барои татбиқи минбаъдаи барномаю лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи ин ҳамоиш 26 миллиард юан”, яъне ҳудуди 3,75 миллиард доллар ҷудо хоҳад намуд. Яке аз расонаҳои чинӣ хабар дод, ки ин маблағҳо дар шакли грантҳои бебозгашт пешниҳод мешаванд. Ин маблағ байни кадом давлатҳои Осиёи Марказӣ тақсим мешавад ва ҳиссаи Тоҷикистон аз он кадом аст, маълум нест.

Ҳамчунин “пешво” дар нишасти алоҳидае бо Ҷин Лисун, президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохтори Чин оид ба “ҷалби ҳарчи бештари сармоя” суҳбат карда, “ба ҷудо намудани маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун” таъкид кардааст. Инчунин, “ҷонибҳо масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзию канданиҳои фоиданокро” баррасӣ кардаанд. Яъне, “пешво” боз чун одати қадимааш аз президенти ин бонк “гадоӣ” кардааст. Зери мафҳуми “гадоӣ” дар Оила ҳам грантҳо ва ҳам қарзҳоро мефаҳманд, зеро қарзҳоро Оила қисман ва ё ба пуррагӣ тасарруф мекунад ва ба кисаи бетаги худ мезанад, вале пардохти он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, яъне кисаи мардум ва андозсупорандагон анҷом дода мешавад.

Мушкили дигар ин аст, ки Чину Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони минтақаи дардисарсоз менигаранд. Ин вилояти Тоҷикистон бо вилояти Шинҷон ҳаммарзанд, ки ҳар ду кишвар ҳам ба шеваҳои мухталиф ин ду мантақаро саркӯб карданд. Чин то ҳол сохтори соядори амнияти Тоҷикистонро менамояд. Ин сармоягузориҳои Чин ва омӯзишро шомил мешаванд. Ҳамчунин гуфта мешавад, мақомоти амниятии Чин низ дар мустақаранд.

Ба ҷойи хулоса

Дар маҷмуъ метавон гуфт, дар Тоҷикистон ҳарчанд саркӯби мухолифин меафзояд, ба ҳамон андоза Душанбе ва Пекин наздик мешаванд. Ҳол он наздикии ду кишвар — Русия ва Чин ба Тоҷикистон Душанбеи расмиро барои саркӯбу ғорати бештари мардум дасти дароз медиҳанд. 

Аммо агар аз нигоҳи қиёсӣ сиёсатҳои Туркманистону Тоҷикистон баррасӣ шаванд, метавон гуфт, сиёсати дохилии ин ду кишвар, бахусус дар ҷиҳати ироаи маҳдудиятҳо болои равандҳои демократӣ шабеҳи ҳаманд. Аммо аз нигоҳи сиёсати хориҷӣ Туркманистон аз Тоҷикистон куллан тафовут дорад. Зеро кишвари аввалӣ талош менамояд, истиқлоли худро дар баробари қудратҳо ҳифз ва бетерафии худро идома диҳад. Аммо Тоҷикистон бар пояи сиёсатҳои бозе, ки дорад, ҳарчи бештар худро вобастаи қудратҳои дар баъзе ҳолатҳо рақиб дар минтақа мегардонад, ба ҳадде ки ҳатто бархе аз таҳлилҳо фишорҳои ахири мақомоти рус болои муҳоҷирини кориро ба гароишҳои Душанбе ба сӯйи Пекин рабт медиҳанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *