Аввалин ҳолатҳои марг дар зиндон ва шифоёбии гирифторон аз коруно. Хроникаи коруно 07.05
Додситонии кулли Тоҷикистон шаҳрвандон “вобаста ба нарасонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ, таъмин накардан ва ё надодани доруворӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо, дучор шудан ба ҳодисаҳои ба тариқи сунъӣ камчин кардани маҳсулоти доруворӣ, метавонанд ба телефони Прокуратураи генералӣ, ба рақами 235-11-11 муроҷиат намоянд. Ҳамчунин ин ниҳод таҳдид кард, ки дар сурати паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ дар ин бора, ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ нисбати нафарони паҳнкунанда чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
“Радиои Озодӣ” , ки Бархе аз пизишкон дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон маводи кофии тиббиву беҳдоштӣ надоранд ва баъзан беморонро бе либоси муҳофизатӣ муоина мекунанд. Онҳо аз он нигаронанд, ки дар шароити густариши коронавирус худашон ба манбаи сирояти беморӣ табдил нашаванд. Пизишкон гуфтаанд дастпӯшу ниқоби тиббиро бо пули худ мегирад.
Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон барои камтар кардани таъсири бӯҳрони бархоста аз вируси коруно 189 миллион доллар кумак мекунад. Ин созмон дар баёнияи расмиаш, ки дирӯз 6 нашр шудааст иттилоъ медиҳад маблағ барои пешгирӣ аз оқибатҳои бади иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, кумак ба буҷаи Тоҷикистон ва пардохтҳои ба сабаби пандемияи COVID-19 ба миён омада ихтисос дода мешавад.
“Паём” , субҳи имрӯз 7 май аввалин ҳолати марг дар зиндон бо аломатҳои COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҷонбохта як марди 63 сола гуфта мешавад, ки 12 сол ҳукм дошта, 5 солашро сипарӣ кардааст. Ҳамчунин ҳамин манбаъхабар дод, ки ба бунгоҳи тибии зиндони №1 ду дастгоҳи нафасдиҳии кӯҳна, соли бароришаш 1961 овардаанд.
Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд , ки шоми 6-уми май 10 бемори шифоёфтае, ки тӯли ду ҳафта дар Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) табобат мегирифтанд, сиҳат шуда, ба хонаашон баргаштанд. Ин нафарон асосан сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, ташхиси такрорӣ нишон додааст, ки онҳо комилан солиманд.
“Азия Плюс” аз таъсиси маркази робитаи шабонарӯзӣ оид ба масоили COVID-19 , ки дар он 30 нафар табибон дар ихтиёри тоҷикистониён қарор дошта, зимни тамос бо онҳо тариқи рақами бепули 311, дарёфти маълумот доир ба аломату тадбирҳои пешгирии COVID-19 ва посух ба дигар суолҳои зарурӣ имконпазир аст.
“Ховар” бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ барои овардани доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҳинд ба Тоҷикистон ташкил карда шуд. Мавод ба Вазорати тандурустӣ ҷиҳати истифода дар муассисаҳои тиббии пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои табобати COVID-19 ба таври ройгон супорида мешавад. Бо ин хатсайр ширкати “Ориёнфарм” ҳам аз Ҳинд доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба Тоҷикистон ворид кард. Дар шарҳи ин хабар Паём , ки ширкати “Ориёнфарм” ба худи Рустами Эмомалӣ таъаллуқ дорад.
Раҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон, ки аз тарафи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба пинҳон кардани маълумот дар бораи вируси коруно муттаҳам мешавад, овозаҳо дар бораи истеъфо ё тарки вазифа карданашро шарҳ дод
Хонум Галина Перфилева дар мусоҳибааш бо Sputnik Тоҷикистон , ӯ ба таври муваққат дар ин мавқеият қарор дошт, аз ин хотир, аз вазифа барканор намешавад.
“Радиои Озодӣ” Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз марказҳои хусусии тиббӣ хостааст, дар ин шабу рӯз нархи ташхиси беморонро аз 10 то 15 дарсад арзон кунанд. Дилшод Музаффарзода, муовини раиси Хадамот гуфтааст «Ба онҳо пешниҳод кардем, ки аз даҳ то 15 дарсад қимати хидматрасониро поин биоранд. Ҳоло талабот ба ин навъи ташхисҳо зиёд шудааст».
Корбаре бо номи Фирӯза Набиева дар гурӯҳи фейсбукии ному насаби 10 табиберо, ки аз маргашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд, , ки иборатанд аз Ватаншоҳ Раҷабов, Сатторова Гулнора, Ҷурақулов Шерали, Бакоев Рашодхон, Раҷаббоев Ҷуракул, Гадоев Гадо, Халифаев Абдурозик, Солиев Фатто, Дустматов Дустмухаммад, ва Тураев Турғун.
“Паём” духтари раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Дастгоҳи иҷроияи ӯ Озода Раҳмон як моҳи охир дар ҷои кораш дида намешавад. Ҳуҷҷатҳоро ба ҷои ӯ муовинаш Аҳтам Абдуллозода имзо мекунад ва ғайри Абдуллозода ҳеҷ касе бо ӯ тамос надорад. Он ҳам аз ҳарфҳои Абдуллозода кӣ гоҳе аз “раиса” иқтибос меораду амрҳои ӯро мерасонад.
Бинобар афзоиши шумори шахсони сироятёфта аз вируси коруна дар Тоҷикистон, назорати сарҳадӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон пурзӯр карда шуд. Дар ин бора хабаргузории 24.kg бо истинод ба муовини сарвазири Қирғизистон Акрам Мадумаров .
“Азия-Плюс” бо истинод ба Вазорати молияи Тоҷикистон , ки ба суратҳисоби хайриявии дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия бозшуда то 6-уми май наздики 5 миллион сомонӣ маблағ ворид шудааст. Ин маблағҳо ба ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои хароҷот баҳри роҳандозии тадбирҳои мубориза бо пандемияи коронавирус супорида мешаванд.
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод то шоми 7 май дар Тоҷикистон 82 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон ба 461 нафар расид. Ҳамзамон, давоми шабонарӯзи гузашта 4 ҳолати фавт сабт гардида, дар умум 12 нафар беморони гирифтори ин навъи нави коронавирус даргузаштанд.
Муҳаққиқи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар Берлин Владислав Лобанов гуфтааст, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз Тоҷикистон талаб мекунад, ки чораҳои муассири «пешгирӣ, муолиҷа ва мубориза бо бемориҳои сироятиро» татбиқ кунад. Тоҷикистон ин паймонро имзо кардааст. Лобанов ин ҳарфҳоро дар робита ба вазъи кунунии Тоҷикистон ва худдории мақомот аз ҷорӣ кардани карантини умумӣ рӯзи 7-уми май баён дошт — “Радиои Озодӣ”.
Паём дар ду рӯзи охир ҳади ақал се муаллим дар шаҳри Хуҷанд аз гирифторӣ ба вируси коруно ба шаҳодат расиданд. Гуфта мешавад вирус байни омӯзгорони шаҳр бештар аз ҳар касбу кори дигар паҳн шудааст.
Сообщение ПАЁМ.net.