11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР

Имрӯз 17 феврал дар Бразилия ҳодисаи мудҳиши тармафароӣ ба вуқӯ пайваст.

Теъдоди қурбониёни ярч ва обхезӣ бар асари боришоти шадид дар муниципалитети Петрополиси Бразилия (Рио-де-Жанейро) ба 94 нафар расид, ки ҳашт нафари онҳо ноболиғон мебошанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Globo бо такя ба хадамоти наҷот хабар додааст.  То кунун ба наҷотдиҳандагон муяссар шудааст, ки 24 нафарро аз зери харобаҳо берун оранд ва ҷустуҷӯи 35 нафари дигар идома дорад. «Ин боришоти шадидтарин дар шаҳр аз соли 1932 аст» гуфт Кастро.

***

Пойтахти Таиланд Бангкок номгузорӣ мешавад

Расонаи хабарии Bangkok Post иттилоъ додааст, ки дафтари Шоҳигарии Таиланд эълон кард,  пойтахти кишвар — Бангкок бо номи Крунг Теп Макса Накхонро иваз мешавад. маънои номи нави пойтахт «Шаҳри фариштагон, пойтахти бузург» мебошад.

***

Русия Twitter-ро 3 миллион рубл  ҷарима баст

Додгоҳи Тагански Маскав барои саркашии Twitter аз ҳазфи мундариҷаи мамнӯъ ҷарима ба маблағи 3 миллион рублро тасвиб кард. То имрӯз маблағи умумии ҷаримаи Twitter ба 66 миллион рубл расидааст. Муҷозот барои нест накардани мундариҷаи мамнӯъ, аз ҷумла даъват ба ифротгароӣ ва саркашӣ аз маҳаллисозии маълумоти шахсии русҳо дар бахшҳо (серверҳо) дар Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст.

***

Олудатарин кишвари Аврупо маълум шуд

Булғористон аз ҳама олудатарин кишвари Аврупо маҳсуб мешавад, ки партовҳои газ нисбат ба як соли пеш 22,7 дарсад бештар аст. Пас аз он Латвия ва Юнон — мутаносибан 16,2 ва 13,1 дарсад. Ҳамзамон, партовҳо дар Словения, Люксембург ва Нидерландия нисбат ба семоҳаи сеюми соли 2020 коҳиш ёфтанд.

Моҳи декабр сиёсатмадорони ИА як бастаи дуюми пешниҳодҳоро барои коҳиш додани партовҳои газҳои гармхона дар ин даҳсола ва ноил шудан ба бетарафии карбон то соли 2050 пешниҳод карданд. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф Иттиҳодияи Аврупо бояд то соли 2030 партобҳои газҳои гармхонаӣ нисбат ба соли 1990 то ба 55 дарсад коҳиш диҳад.

***

Толибон дар Доҳа бо сафирони 16 кишвари аврупоӣ мулоқот карданд

Ба гуфтаи вазорати хориҷаи Толибон, дар он ҷо  вазъи башарӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ, ҳуқуқи башар, маориф ва маоши омӯзгорон баррасӣ шуд. Агар Толибон ваъдаи худ вафо кунанд ва дар моҳи марти соли ҷорӣ мактабҳо боз кунанд, Амрико ваъда додааст, ки дар роҳандозии масоили мазкур кӯмак мекунад. ,

Онҳо таъкид карданд, ки аз қаламрави Афғонистон ба дигар давлатҳо таҳдиде нест ва Толибон бо тасмими Амрико дар бораи моликияти Афғонистон комилан розӣ нестанд. 

Толибон иддао карданд, ки як мақоми амрикоӣ фармони Байденро дар расонаҳо нодуруст шарҳ додааст ва аз таҳияи механизме хабар додааст, ки метавонад қисме аз маблағҳоро ба Бонки марказии таҳти назорати Толибон дар Афғонистон интиқол диҳад.

***

Эрдуғон мехоҳад дар Туркия  Путин ва Зеленскийро оштӣ диҳад

РИА Новости навиштааст, дар сурати посухи мусбати раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, мумкин аст дар Анкара ё Истанбул мулоқоти сеҷониба бо раҳбарони Русия, Украина ва Туркия баргузор шавад. Дар ин бора Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси кишвари Туркия хабар дод. 

«Агар Путин ба ин масъала муносибати мусбӣ кунад, ман умедворам, ки мо дар Истанбул ё Анқара ҳамроҳ бо раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский мулоқот хоҳем кард. Дар ҳамин ҳол, ман мехоҳам бидонам, ки ӯ ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо ӯ дар ин бора чӣ фикр дорад. Мувофики он мо амал мекунем. Зеро ҷанги воқеӣ дар минтақа аломати бад аст”.

Дар охири моҳи январ Эрдуғон пешниҳод кард, ки мулоқоти рӯ ба рӯ миёни раҳбарони Русия ва Украина баргузор шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Туркия аз фазои ҷанги миёни Русия ва Украина нигарон ва норозӣ аст.

***

Порлумони Қазоқистон созишномаи нави ҳамкориҳои низомӣ бо Русияро тасвиб кард

Созишнома дар бораи ҳамкориҳои низомӣ миёни Қазоқистон ва Русия ба ҷои санади шабеҳи 28 марти соли 1994 16 октябри соли 2020 дар шаҳри Нур-Султон ба имзо расида буд.

Бино ба иттилоъи вазорати дифоъ, ин созишнома ба манзури таҷдид ва тавсеъаи бештари ҳамкориҳои низомии ду кишвар имзо шудааст. Муқаррароти созишномаи соли 1994 «бо назардошти воқеияти замони мо кӯҳна шуда буданд ва онҳо аллакай амалӣ шудаанд».

Ҳуҷҷат барои имзо ба президент Тоқаев фиристода шуд.

АЗ ДУНЁ ХАБАР

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *