10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Русҳо бе голу бе хол аз Душанбе мераванд

Аввалин бозии тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Русия дар таърихи ҳарду даста, ки шаби 17-уми ноябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд, бидуни гол ба поён расид.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия бо ҳузури 20 ҳазор тамошобин сурат гирифт ва бо вуҷуди бартарии бозигарони рус, бо ҳисоби сифрӣ тамом шуд. Футболбозони тоҷик бо муқобилият нишон додан ба рақибе, ки дар Қаҳрамонии Аврупо бозӣ мекунад ва чанд бор Қаҳрамонии ҷаҳон ҳам роҳ ёфтааст, дубора умеди мухлисон ба футболи миллиро барнардонданд.

Бозиро гурӯҳи доварон аз Узбекистон бо роҳбарии довари FIFA Илдиз Танташев ҳакамӣ карданд.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт муқобили тими миллии Русия дар Душанбе ба майдон омад. Петр Сегрт аз натиҷаи он изҳори хушҳолӣ карда, гуфт, ки ҳисоби мусовӣ бо чунин дастае пирӯзист. “Ин бозӣ барои дастаи мо як давраи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 маҳсуб мешуд”, — гуфт Петр Сегрт.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Русия таҳти роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин ба Душанбе омада буд. Аммо футболбозони русе, ки дар тимҳои Аврупо бозӣ мекунанд, ба Душанбе наомада буданд.

Гуфтанист, тими Русия аз ширкат дар бозиҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Ҷоми ҷаҳонӣ ва Ҷоми Аврупо, бинобар ҳамлаи таҷовузкоронаи ин кишвар ба Укроин, маҳрум карда шудааст. Ҳамчунин ҳеҷ кишваре ба ҷуз кишварҳои узви ИДМ ҳозир ба бозиҳои дӯстона бо тими футболи Русия нест.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *