11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Муҳоҷирон метавонанд патнети кориашонро дар Тоҷикистон дастрас кунанд

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон патенти корь дарёфт кунанд.

Тибци иттилоъи Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон, кишвар бо Русия барои кушодани “Марказҳои машваратӣ ва омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар” дар Душанбе ба созиш расидааст.

Вазорат гуфтааст, таъсиси се идораву муассисаи давлатии Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, пеш аз сафар изи ангушт супоранд, шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ ва патент барои кор бигиранд.

Як ҳайат аз Вазорати корҳои дохилии Русия бо намояндагони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр дар ин бора созишнома имзо кардаанд.

Мақомоти тоҷик гуфтаанд, созишнома ба ирсоли дастҷамъонаи муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия мадад мекунад.

Бори аввал аст, ки Русия бо Тоҷикистон барои осонтар кардани сафари муҳоҷирон созиш имзо мекунад, аммо маълум нест, ки ин се муассиса ва идораи Русия кай дар Тоҷикистон ба кор оғоз хоҳанд кард.

Муҳоҷирони тоҷик ҳамеша шикоят мекунанд, ки мақомоти рус барояшон мушкил эҷод мекунанд ва бо баҳонаҳои ночиз онҳоро аз ин кишвар хориҷ мекунанд.

Мақомоти рус шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ду миллион, вале мақомоти тоҷик ҳамагӣ 600 ҳазор нафар медонанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *