11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Гузоришгари СММ бо Далеру Абдуллоҳ мулоқот кардааст

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон бо ҳайати ҳамроҳонаш дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ, ду рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик, мулоқот кардааст.

Ба иттилои хабаргузории АзияПлюс ин мулоқот ҳафтаи равон сурат гирифта, онҳо аз вазъи саломатӣ, буду бош ва муносибати зиндонбонон бо рӯзноманигорон суҳбат кардаанд.

Гуфта мешавад, пагоҳ, 9-уми декабр, дар қароргоҳи СММ дар Душанбе нишасти матбуотии гузоришгари СММ баргузор мегардад ва аз ҷузъиёти суҳбат бо ин ду рузноманигори зиндонӣ хонум Лолор гузориш хоҳад дод.

Ба иттилои манбаъ онҳо ҳамчунин, бо парвандаи чор рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик шинос шудаанд ва интизор меравад, ки имрӯз, бо чанде аз додрасу додситонҳои тоҷик мулоқот карда, пагоҳ, 9-уми декабр, аз натиҷаи сафари худ бо журналистон суҳбат кунад.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ хостаанд, ки ҳарду дар як ҳуҷра (камера) нигоҳдорӣ шаванд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло Далерӣ Имомалӣ ҳамроҳи Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори дигар зиндонии тоҷик дар як ҳуҷра нигоҳдорӣ мешаванд.

Ҳамин тариқ, Далери Имомалӣ ва ҳам Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтаанд, ки гуноҳ надоранд, боздошту ҳабси онҳо ба фаъолияти рӯзноманигорӣ рабт дорад ва ҳукми додгоҳро нисбаташон эътироф намекунанд.

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид 28-уми ноябр ба Тоҷикистон омад ва то 9-уми декабр дар кишвар хоҳад буд. Ин сафар дар пасманзари танқидҳо аз маҳдуд шудани озодиҳо дар Тоҷикистон сурат мегирад. Мэри Лолор аз натиҷаи сафари худ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2024 ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш медиҳад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *