11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Вазири нави муҳоҷират рӯ ба Куриё кард

Вазири тозатаъини муҳоҷирати Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода аз сафири Куриё дар Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки роҳандозии тарҳи фиристодани қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Куриёро, тезонанд

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ кордори сафорати Куриё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ли Вучёлро ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати меҳнат, дар рафти вохурӣ тарафҳо ба дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз ҷумла интиқоли нерӯи корӣ таваҷҷуҳ намуда, масъалаи баимзорасонии лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Куриё оид ба интиқоли қувваи корӣ, ки айни ҳол дар баррасии ҷониби Куриё қарор дорад, мавриди муҳокима қарор додаанд.

Зимни вохӯрӣ масъалаи тақвият бахшидани фаъолияти 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии системаи вазорат мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷаноби Ли Вучёл таъкид намудааст, ки  дархостҳои қаблан пешниҳодгардидаи роҳбарияти вазорат ҷиҳати муҷаҳхазгардонии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо таҷҳизоти техникии муосир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Куриё пазируфта шуда бо ин мақсад 200 адад комютер ҳамчун кумаки техникӣ расонида шудааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *