11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Тарҳи буҷаи 2021 охири сол ниҳоӣ мешавад

Мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон аз ниҳоӣ шудани тарҳи буҷаи Ҳукумат барои соли 2021, то охири имсол хабар дод.

Далели дертар омода шудани тарҳи буҷаи Ҳукумат барои соли 2021 лиҳоз кардани шохисҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, дар пайи густариши вируси корона ва афзоиши ҳазинаҳои ҷонибӣ эълом шудааст.

Ҳаҷми умумии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон барои солҳои 2021 ва 2022 бо мадди назар қарор додани паёмадҳои густариши вируси корона, бояд мутаносибан баробар бо 29. 7 дарсад ва 29 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии кишвар бошад.

Бар ин асос, бахши даромадии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021 ба мизони 28 миллиарду 600 миллион сомонӣ ва соли 2022 ба мизони 31 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ин шохис имсол 20 миллиарду 349 миллион сомонӣ таъйин шуда буд, аммо густариши вируси корона ва изофа шудани ҳазинаҳои дармонӣ муҷиби коҳиши як миллиарду 822 миллион сомонии бахши даромадии буҷети Ҳукумат дар соли ҷорӣ гардид.

Ҳамчунин коҳиши маблағгузорӣ барои тарҳҳои зербиноӣ ба мизони 977 миллион сомонӣ ва буҷети созмонҳои давлатӣ ба мизони 81 миллион сомонӣ дар назар ме‌бошад.

Ин дар ҳолест, ки дар шаш моҳи нахусти имсол ҳаҷми умумии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон ба 11 миллиарду 800 миллион сомонӣ расид, ки иҷрои онро 95. 1 дарсад таъмин кардааст.

ҲСДТ интихоботро таҳрим кард

Обанбори Норак пур шудааст

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *