11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Сухангуи Идораи муҳофизати омми Афғонистон дар таркиш ҷон бохт

Таркиши мина сокинони ноҳияи Кортаи Нави шаҳри Кобули Афғонистонро такон дод ва автомашинаи марбути идораи миллии муҳофизати омма мавриди ҳамла қарор гирифт.

Ба иттилои  шабакаи телевизионии Tolonews дар натиҷаи таркиш се нафар, аз ҷумла Зиё Вадан, сухангӯи идораи миллии муҳофизати омма ҷон бохтанд ва як тани дигар захмӣ шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар баёнияе гуфтааст, ки таркиш тахминан соати 8:30 якшанбе, 10 январи соли 2021дар минтақаи Кортаи Нави Кобул сурат гирифт. Маводи тарканда дар автомашинаи ҳомили сухангӯи идораи миллии муҳофизати омма ҷосозӣ шуда буд.

Қаблан як манбаи дигари амниятӣ гуфта буд, ки дар ин ҳамлаи террористӣ се нафар кушта ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда нагирифтааст.

Аммо Вазорати корҳои дохилӣ «Толибон» -ро (мамнуъ дар Тоҷикистон) дар таркиш айбдор кард.

Президент Ашраф Ғанӣ ин инфиҷорро маҳкум кард ва онро ҷиноят алайҳи башарият ва зидди арзишҳои исломӣ номид. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *