Афзоиши фишорҳо болои ҲСДТ аз сӯи мақомоти давлатӣ
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар номае ба вазири корҳои дохилӣ аз таъқибу ишор нисбати аъзои ҳизбаш аз сӯйи ниҳодҳои мухталиф, аз ҷумла маъмурони милиса, эътироз кардааст.
Раҳматулло Зойиров дар номааш, кидар саҳифаи фейсбукияш нашр шуд, аз чанд корманди пулис ном бурдааст, ки ба иддаои ӯ “дар таъқиби аъзои ҳизб даст доранд”.
Дар номаи Зойиров, гуфта мешавад, на танҳо дар замони интихоботи президентӣ, балки баъд аз он низ дар Душанбе ва минтақаҳои дигар раванди таъқиби аъзои ин ҳизб идома доштааст. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон интихоботи президентии 11-уми октябрро таҳрим карда буд.
Зойиров гуфтааст, «дар замони интихобот чунин равандҳо то андозае мантиқӣ буд, чун Вазорати корҳои дохилӣ аз президент ҳимоят мекард». «Вале баъд аз анҷоми интихобот сохторҳои ВКД дар Ҳисор раванди зидди аъзои ҲСДТ-ро дар ин шаҳр пурзӯр кардаанд».
Дар ҳамин ҳолРадиои Озодӣ менависад, Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иддаои Зойировро бепоя номида гуфтааси, “Вазорат борҳо чунин изҳороти Раҳматулло Зойировро санҷидааст ва онҳо тасдиқи худро наёфтаанд.”
Ин дар ҳолест, ки раиси ҲСДТ аз се нозири минтақавӣ ном бурда иддао кардааст, ки “онҳо ба зидди аъзои ҳизб кор мекунанд”: «Ин амал на танҳо зидди аъзои ҳизб аст, балки таҳдид ба амнияти кишвар мебошад. Ва ин амалҳо як шакли бемантиқ касб мекунанд.»
Изҳороти Зойиров дар ҳоле садо дод, ки аввали моҳи ҷорӣ муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев хабар дода буд, ки афроди ношинос дар Ҳисор шабона писарашро латукӯб кардаанд.
Маҳмурод Одинаев гуфта буд, бинии писараш шикаста ва майнаи сараш осеб дидааст. Ӯ тахмин зада буд, ки латукӯби писараш эҳтимол ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт дорад. Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр дар изҳороте гуфт, писари Одинаев «дар ҳолати сархушӣ бо муштариёни тарабхона муноқиша намуда, мавриди латукӯб қарор гирифтааст.»
Аз ин қабл, рӯзи 22-юми сентябри имсол Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизб ҳам аз латукӯб шудани худаш хабар дода буд. Дертар масъулони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, Зойировро касе назада, балки сагаш ба даруни ҷӯй афтондааст.