11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Муовини сардори Раёсати КДАМ дар Душанбе коруноӣ шудааст

Амирқул Бобоев, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе бо гирифторӣ ба вируси коруно бистарӣ шудааст.

Як манбаъи Паём хабар дод, ки Амирқул Бобоев муовини сардори Раёсати КДАМ дар Душанбе се рӯз пеш дар бемористони касалиҳои сироятии пойтахт, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ шудааст.

Ташхиси ӯ вуҷуди бемории COVID-19 дар ҷисмашро тасдиқ кардааст.

Як манбаъи дигар аз шаҳри Бохтар гирифтории як парасторе, ки ба беморон дар хонаҳояшон расидагӣ мекардааст, хабар дод. Дар натиҷа шавҳараш Амонов Гулмурод ҳам аз ӯ сироят ёфта, дар беморхонаи “Қараболо”-и Бохтар бистарӣ шудааст. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *