11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Шокирҷон Ҳакимов: «Ҷои баҳсҳои илмиро маддоҳию тамаллуқ гирифтааст»

Чанд рӯз пеш аз унвонҳои илмии худ маҳрум шудани ду муҳаққиқи тоҷик  дар пайи ошкор шудани асардуздӣ дар иншои рисолаҳои илмияшон расонаӣ шуд.

Тавре расонаҳо иттилоъ доданд, ин ду “олими” тоҷик бо асарҳои дуздӣ унвони илмии худро ба даст оварда будаанд.

Дар натиҷаи таҳқиқи пойгоҳи интернетии «Диссернет» рисолаи илмии Назрулло Амиров — доктори илмҳои иқтисодӣ ва намояндаи мардумӣ аз ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар парлумони шаҳри Душанбе тақаллубӣ дониста шуда, аз унвони илмӣ маҳрум шуд.

Ҳамчунин шӯрои дифои Донишгоҳи федеролии Балтика ба номи Имануэл Кант, пас аз баррасии дубораи рисолаи номзадии олими дигари тоҷик Зафар Тайфуров («Маҳрумият аз озодӣ: нигоҳдорӣ, мақсад ва воситаҳои расидан ба он бар асоси маводҳои Тоҷикистон») хулоса кардааст, ки гӯё 86 дарсади матни он плагиат аст. Ин шӯро низ ба ВАК тавсия додааст, ки ӯро аз унвони илмӣ маҳрум кунад.

Шокирҷон Ҳакимов, профессор, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, ки рисолаи илмияшро дар Маскав ҳифз намуда, соҳиби унвони илмӣ гардидааст,  мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир фисқу фасод воқеияти фарҳангу муносибати мо шудааст ва дар чунин шароит рисолаи номзадию докториро низ ба хариду фурӯш табдил додаанд.

Профессор Шокирҷон Ҳакимов ба ин бовар аст, ки маҳз ба хотири дар мансабҳои калидии соҳаи маориф будани олимони хасакӣ  ба он сабаб шудааст, ки олимони ҳақиқӣ ба даргоҳҳои илмӣ роҳ наёбанд ва ин ҳолат сабаби рукуди илму маориф дар кишвар шудааст.

“Бидуни шакк олимони ҳақиқӣ дар кадом соҳаи илм набошад, аз тасодуфиҳою хасакиҳо тафовут доранд,  вале боиси таассуф аст, ки маҳз кору фаъолият ва зиндагии олимону муҳаққиқони тасодуфию хасакӣ пешрав мебошад. Ҳаминҳо аксарияти мансабҳоро дар соҳаи илму маориф раҳбарӣ мекунанду донишмандони ҳаққонӣ ва муваффақро азият медиҳанд. Муҳити илмиро ба таври сунъӣ холӣ карда, дар радифи олимони дипломхару суст худро хеле доною оқил эҳсос менамоянд”.- таъкид мекунад Ҳакимов.

Шокирҷон Ҳакимов меафзояд, ки барои роҳбари камсаводу мадори илмӣ надошта, кор кардан бо олимони ҳақиқӣ мушкил аст. Бинобар онҳо кӯшиш мекунанд, ки мадори илмии зердастонашон мисли худашон бошад ё аз худашон дида, поинтар бошад. Аз ин рӯ, ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки ҳарчӣ зудтар аз олимони ҳақиқӣ наҷот ёфта, фазои кориро табъи дили худ ташкил кунанд.

“Ба ғайр аз маҳалгароию қавмбозӣ бо баҳонаи дастгирии ҷавонон аз ҳайъати Шурои олимон ва раҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои Академияи илмҳо, инчунин факултету кафедраҳо, устодону кормандони босалоҳияту боистеъдодро аз кор озод карда, баҳсҳои илмиро ба маддоҳию тамаллуқу аз ҳеҷ чиз вонамуд кардани дастовардҳои нест андар ҷаҳон табдил додаанд”. — мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов.

Донишманди тоҷик Шокирҷон Ҳакимов, ки солҳост ба хотири дигарандешияш бо вуҷуди доштани унвони илмӣ, дар кишвар ҷои кор намеёбад, мегӯяд, чунин ба назар мерасад, ки доираҳои муайяну махдуд бар хилофи фалсафаи илм, соҳаи илму маорифи кишварро дар доираи стратегия ва манфиатҳои худашон идораю танзим менамоянд.

“Аммо илму маориф  мебояд пешоҳанги ҷомеа бошанду дар сатҳҳои гуногуни давлатдорӣ тавсия, хулоса ва натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии олимону муҳаққиқон стратегияи рушди устувор ва бунёди давлати муваффақу муосирро бояд муайян кунанд.” — меафзояд  Ҳакимов.

Ӯ таъкид мекунад, ки “барои дарки моҳияти гуфтаҳоям фаросат, хирад ва дарки воқеии масъулияти миллӣ зарур аст, на сафсатаю яккатозию сӯиистифода аз мансаби давлатӣ, ба хусус дар соҳаи илму маориф.”

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *