11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Нигаронии Трамп аз эҳтимоли марги 100 ҳазор нафар дар Амрико дар асари коруно

Сиёсати Трамп пеш аз ин ночиз нишон додани доманаи таъсироти буҳрони коруно буд. Акнун ӯ аз эҳтимоли марги 100 ҳазор нафар сухан мегӯяд. Бархе аз мушовирони ӯ ҳатто аз эҳтимоли марги 200 ҳазор нафар сухан гуфтаанд. Маҳдудиятҳо дар Амрико тамдид шудааст. 

Доналд Трамп шуйӯъи густурдаи коруно ва эҳтимоли марги беш аз сад ҳазор нафар дар Амрикоро баъид намедонад. Шумори мубталиён ба коруно дар Амрико акнун беш аз соири кишварҳои ҷаҳон аст. Энтони Фаучӣ, мушовири Доналд Трамп дар мубориза бо шуйӯъи бемории коруно ҳатто аз эҳтимоли ҷон бохтани 200 ҳазор нафар дар Амрико сухан гуфтааст. 

Дебора Брикс, пизишки узви коргари мубориза бо шуйӯъи коруно дар Кохи сафед мӯътақид аст, ки ҳар гоҳ ҳама иқдомоти давлати Амрико барои муқобила бо коруно тибқи барнома иҷро шаванд, эҳтимоли марги 80 ҳазор то 160 ҳазор амрикоӣ дар асари ибтило ба вирус COVID-19 вуҷуд дорад. 

Дебора Брикс гуфтааст: “Мо умедворем, ки ин мудели муҳосиба комилан саҳеҳ набошад ва ба он умед бастаем, ки битавонем беҳтар аз барномаи кунунӣ алайҳи коруно амал кунем.” 

Тамдиди барномаи муқобила бо коруно 

Доналд Трамп бар ин бовар аст, ки шумори қурбониёни ибтило ба вируси коруно то иди пок ба авҷи худ бирасад. Ў дар суханрони худ гуфтааст, ки агар пас аз он шумори қурбониёни ношӣ аз ин беморӣ коҳиш ёбад, онгоҳ метавонем бигӯем, ки мо дар муқобила бо ин беморӣ муваффақ амал кардаем. 

Раисҷумҳури Амрико дар айни ҳол пешбинӣ кардааст, ки Амрико дар авоили моҳи июн муваффақ ба хурӯҷ аз буҳрони коруно гардад. Ин пешбинии Трамп мутафовит аз пешбинии пешин ӯ аст. Трамп пештар аз беҳбуди вазъият пас аз иди пок сухан гуфта буд. 

Трамп бори дигар нохурсандии худро аз пешбинии чунин маҳдудиятҳое дар Амрико иброз дошт ва гуфт ин маҳдудиятҳо метавонанд ба иқтисоди Амрико осеби ҷиддӣ бирасонанд. Ў дар айни ҳол ҳушдор дод, ки “ҳеҷ чиз бадтар аз он нест, ки мо пеш аз касби пирӯзӣ аз даст ёфтан ба ин пирӯзӣ сухан бигӯем.” 

Интиқоди шадид Ненси Пелосӣ 

Ненси Пелосӣ, раиси маҷлиси намояндагон аз ҳизби демократ, Трампро масъул абъоди ин буҳрон эълом кардааст. Ў гуфтааст, ки раисҷумҳури Амрико нисбат ба иҷрои барномаи муқобила бо бемории коруно аз худ сустӣ нишон додааст. 

Пелосӣ дар гуфтугӯии бо шабакаи хабарии CNN-и Амрико, сустии Доналд Трамп дар муқобила бо коруноро “маргбор” хондааст. 

Авзоъ дар иёлати Ню-Йорк бисёр вахим гузориш шудааст. То кунун бар асоси изҳороти Эндерю Куомо, фармондори ин Иёлот, дасти кам 60 ҳазор нафар ба бемории коруно мубтало шудаанд ва дасти кам 965 нафар дар ин Иёлот ҷони худро аз даст додаанд. 

Дар “сентрал парк”-и Ню-Йорк барои дармони мубталиён ба бемории коруно як бемористони саҳроӣ эҳдос шудааст. Бемористонҳо аз камбуди зарфият, дастгоҳҳои танаффусӣ ва ҳамчунин мутахассис ранҷ мебаранд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *