Тоҷик ва шаҳрванди Тоҷикистон аслан аз кӯчаи одамгарӣ нагузаштааст?
«Раиси вилояти….. бо дастури пешвои миллат беморонро аёдат кард».
«Соҳибкор Фалонӣ Биҳмадонизода дар партави гуфтаҳои пешвои миллат, ҷаноби олӣ, муҳтарам….. 3 км роҳи кӯчаҳои деҳаи зодгоҳашро асфалтпӯш кард.»
«Муҳоҷири меҳнатӣ Фалонии Биҳмадонӣ аз даъвати пешвои миллат асосгузори сулҳу ваҳдат илҳом гирифта ба мактаби деҳааш, ки онро 10 сол пеш хатм кардааст, 8 тиреза ва 3 дари нави пластикӣ туҳфа кард…..»
«Кишоварзони ноҳияи фалон гуфтаҳои пешвои миллатро ба инобат гирифта, ваъда карданд, ки имсол аз майдонҳои кишт ду ҳосил бармедоранд»…..
Ин ва инчунин ҷумлаҳо, ки ҳамарӯза аз радиою телевизион мешунавем ва аз расонаҳои чопӣ мехонем, як ҳадаф доранд: бо шунавандаю хонанда талқин мехоҳанд кунанд, ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, асосгузори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон ғамхортарин, меҳрубонтарин, дилсӯзтарин, мушфиқтарин роҳбар ва падари миллат ҳастанд, шукр бояд бигӯем ки эшон ҳастанд, ба мағзамон аслан набояд роҳ бидиҳем, ки каси дигаре метавонад ба ҷои эшон раиси ҷумҳур бишавад…… Худо накунад, вагарна дигар хеч одамие ба ҳамсояи барҷомондааш ёрии моддӣ намекунад, дигар деҳқоне кишт намекунад, дигар раиси ноҳияю вилоят савлат карда дар дафтарҳои корашон менишинанд ва даст болои намегузоранд, дигар хеч аҳаде кори хайрияе намекунад…..
Бошад, бигӯед, таърифу тавсиф бикунед, ба осмони ҳафтум бардоред…… аммо чаро аз ҳисоби дигарон? Чаро аз ҳисоби паст задани мардуми тоҷик? Эй онҳое, ки хаста нашуда ҳамарӯза ин ҷумлаҳоро халқ мекунед , оё ақлатон қад намедиҳад бифаҳмед, ки тарафи дигари ин ҷумлаҳо таҳқири мардуми тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон аст? Ё медонеду шарафу номуси миллиро амдан фидои як нафар кардан мехоҳед?
Агар намедонед, шарҳ медиҳам, ки навиштаатон мантиқан чӣ маънӣ дорад: тоҷик ва шаҳрванди Тоҷикистон аслан аз кӯчаи одамгарӣ нагузаштааст; накӯкорӣ чист, ғамхорӣ чист, меҳрубонӣ чист, мусалмонӣ чист — аслан хабар надорад….. ҳамсояаш аз гуруснагӣ мемирад, вале ба ӯ чӣ? Пули рӯдаки деҳаашро об бурда, вале ӯ дар ин канори соҳил менишинад, то пешвои миллат хабар ёбанду ба соҳибкоре дастур фармоянд, ки Фалонӣ ин пулро аз нав бисоз, то раъияти ман азоб накашанд…… Заминашро кишт ҳам намекунад, то ки шабаш аз телевизион суханронии пешвои миллатро шунида, илҳом нагирад…
Бо ин сабқате, ки хомабадастони мо дар амри ба раиси ҷумҳур мансуб донистани ҳама кору ҳама чиз доранд, аҷаб нест, ки фардо бинависанд: Фалонизода дар партави гуфтаҳои пешвои миллат бо хонумаш ҳамхоба шуд…. Ва ё Фалонидухт аз гуфтаҳои ҷаноби олӣ илҳом гирифта, шаби гузашта дар зоишгоҳи ноҳияи …… дугоник зоид….
Абдуқодир Рустам, нависанда ва мунаққид
Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф
Сообщение ПАЁМ.net.