Русия ба Тоҷикистон сафири нав фиристод
Семён Григорев бо фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путин, сафири нави фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон таъйин гардид.
Қаблан, солҳои 2000 ва 2001 ӯ ба ҳайси мушовири сиёсии Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон кор кардааст.
Сипас, аз соли 2001 то 2003 ба вазифаи мушовири (баъдтар сардор) шуъбаи Эрон дар Раёсати саввуми Осиёии Вазорати корҳои хориҷии Русия таъин шуд.
Аз соли 2006 то 2008 дар вазифаи мушовири вазири Сафорати Русия дар Афғонистон кор кардааст ва забони форсиро медонад.
Дар сафорати Тоҷикистон ӯ Игор Лякин-Фроловро иваз кард. Лякин-Фролов аз соли 2013 сафири Русия дар Тоҷикистон буд.
То замони таъйин шудан ба ин вазифа Семён Григорев дар ВКХ роҳбарии департамент оид ба робита бо субъектҳои Федератсия, парламент ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба зимма дошт.
Гуфтан ба маврид аст, ки ӯ қаблан низ дар Тоҷикистон ба ҳайси мушовири сиёсии дафтари САҲА фаъолият кардааст. Муддате дар сафорати Русия дар Афғонистон ва Эрон ҳамчун мушовир кор кардааст.
Ҳамчунин, Семён Григорев солҳои 2008-2018 ба ҳайси аввалин сафири Русия дар Ҷумҳурии Абхазия адои вазифа намудааст.
Сафири нав донандаи забонҳои форсӣ, англисӣ ва пашту мебошад.