11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ҳамеша қарздор, аммо фаъъол; Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон дар як сол 40% бештар шудааст

Бо афзоиши 40-дарсадӣ дар як сол, қарзи корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон то аввали нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ҳудуди ба 93 млрд сомонӣ (зиёда аз 8,5 млрд доллар) расид. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ  хабар медиҳад.

Гуфта мешавад ҳиссаи корхонаву ташкилотҳои зиёновар аз шумори умумии корхонаҳои ҳисоботдиҳанда ба 22,5% расид, яъне ҳар чаҳорум корхонаи давлатӣ ба ҷои фоида зарар меоварад, аммо ба фаъолияташ идома медиҳад.

Тибқи ёфтаҳои «Паём» қарзҳо асосан болои корхонаҳои зам мешаванд, ки Оила онҳоро ба манбаъи даромади худ табдил додааст. Сабаби қатъи фаъолият накардани ин ширкату корхонаҳо ва ҳамеша аз ҷониби давлат дастгирӣ ёфтанашон ҳам ҳамин аст, ки дар сурати аз фаъолият мондани ҳар кадоми онҳо, нафаре аз хонаовдаи Раҳмон бе манбаъи даромад мемонад.

Дар ҳамин ҳол, омори додаи агентӣ на ҳамаи ҳақиқатҳоро ифшо мекунад. Тибқи он қарздорони асосӣ корхонаҳои соҳаи истихроҷи маъдани кӯҳӣ (17% аз шумори умумии корхонаҳои зиёновар), сохтмон (11,8%), нақлиёт ва алоқа (3%) мебошанд. 

Агентӣ дарсади корхонаҳои қарздорро аз рӯи шумор ҳисоб карда, аммо дарсади қарзи умумиро дақиқ баён намекунад. Барои мисол, қарзи “Барқи Тоҷик” аз соли 2018 ба ин тараф пинҳон нигоҳ дошта мешавад ва “саҳм”-и ин ширкати дар қарзи умумии корхонаҳо баён намегардад. 

Дар соли 2019 қарзи ин ширкат аз ҳади 3,2 миллиард доллар гузашта буд. Ин ҳам дар ҳоле, ки он ҳао солро бо 300-400 миллиондолларӣ ҷамъбаст мекард. Қарзи ин ширкат танҳо аз НОБ “Сангтӯда 1” ҳар сол 300 миллион сомонӣ меафзояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар сол қисмати бузурги ин қарзҳоро давлат аз ҳисоби буҷа пардохт мекунад. Яъне агар дастгирии давлатӣ набуд, танҳо аз НОБ “Сангтӯда 1” “Барқи тоҷик” миллиардҳо сомонӣ қарздор мешуд. 

Ҳоло имкон дорад қарзи “Барқи тоҷик” аз марзи 4-4,5 миллиард доллар ҳам убур карда бошад ва беш аз ними қарзи умумии корхонаҳоро ташкил диҳад. 

Тибқи додаҳои Агентии омор, маблағи умумии зиёни тавозунӣ дар нимсолаи аввали соли равон 927 млн сомонӣ (85 млн доллар)-ро ташкил дод.

Қаблан моҳи феврали соли равон Вазорати молияи кишвар зиёновартарин корхонаҳоро байни корхонаҳои бузурги саноатии ҷумҳурӣ номбар кард.

Дар садри рӯйхат собиқ ШСХК “Барқи тоҷик” қарор дорад, ки ҳоло ба сифати Ҷамъияти саҳҳомии кушода (ҶСК) танҳо  иқтидорҳои истеҳсоли барқро идора мекунад.

Дар ҷойи дуюм ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” қарор дорад, ки бар асари мушкилоти техникӣ ва молиявӣ, аз моҳи сентябри соли 2020 дигар парвозҳои мунтазам анҷом намедиҳад.

Қарзҳои “Тоҷик Эйр” 40 млн доллар арзёбӣ мешаванд, ки нисфи он бояд ба ширкати Skyroad Leasing-и Литва барои истифода аз ду ҳавопаймои он пардохт шавад.

Ҳамчунин дар назди мақомоти андоз, бонку фурудгоҳҳо ва дигар ширкатҳои хидматрасон қарзҳо вуҷуд доранд.

Ғайр аз ин, дар Вазорати молия ба сафи корхонаҳои бештар зиёновар ҶСК “Адюминсохтмон”-ро низ шомил кардаанд, ки бастаи пурраи саҳмияҳои он ба “Ширкати алюминии тоҷик” тааллуқ дорад.

Маълумот дар бораи ҳаҷми қарзи ин корхона дар манбаъҳои боз дастрас нест.

ҶСК “НБО Роғун” низ дар байни корхонаҳои давлатии зиёновар номбар шудааст, ки ҳаҷми умумии қарзи он ҳанӯз дар соли 2020 зиёда аз 1 млрд сомониро ташкил медод. Доир ба то кадом андоза тағйир ёфтани қарзи корхонаи мазкур тайи ду соли ахир маълумот пайдо кардан муяссар нашуд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз аввали соли 2019 ба Вазорати молия дар ҳамдастӣ бо сохторҳои марбута дастур дода буд, ки дар мавриди коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои тахирнопазир андешанд.

Зикр шуда буд, ки шумори умумии чунин корхонаҳо дар кишвар 21 ададро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, дар ҷумҳурӣ ҳудуди 800 корхона бо сармояи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Нисбатан бузуртаринашон миёни онҳо ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» (100%), ҶСК «Роғун» (95%), ҶСК «Тоҷиктелеком» (95%), воҳидҳои «Барқи тоҷик» (100%), ҶСК «Тоҷиктрансгаз» (100%), ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (100%), ҶСК «Тоҷик Эйр» (100%) мебошанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *