11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Изофанависии 300%-ӣ. Ё дастовардҳои қоғазии ҳукумати чилдурӯғ

Изофанависӣ ва дурӯғҳои мақомоти Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо ба ҳаде расидааст, ки дигар наметавонанд онро пинҳон созанд. Ин дурӯғҳо ба ҳаде бузург шудаанд, ки аз ҳама сурохҳои халтаи омори ҳукумати Тоҷикистон берун мерезанд ва ҳатто хонандаи мактаб метавонад бо каме диққат ба он пай барад. 

Таҳқиқоти кӯтоҳи Паём дурӯғи бузург ва изованависии 300%-ии мақомот дар ҷамъоварӣ, коркард ва истеҳсоли пахтаро нишон дод. Ҳамааш аз инҷо шурӯъ шуд: Тибқи омори пешниҳодкардаи мақомоти иқтисодӣ, Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти нассоҷиро афзоиш додааст. Дар ҳамин ҳол, содироти маҳсулоти нассоҷӣ коҳиш ёфта, воридоти он бештар шудааст. 

Зиддияти рақамҳо дар омор

Тибқи ин омор дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи нассоҷиву бофандагӣ ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ аз ҳисоби истеҳсоли бештари матоъ, маҳсулоти ҷуробӣ ва нахи пахта 16,4% афзоиш ёфтааст. 

Бояд гуфт, афзоиши 16 дарсадӣ дар сол ҷаҳиши истеҳсолӣ маҳсуб мешавад ва чунин пешрафтҳо дар ин муддати кӯтоҳ бисёр кам даст медиҳад. Дар ҳар кишваре раҳбарияти соҳаи ба чунин дастовард расида муваффақ ҳисобида шуда, мукофотонида мешавад ё карйераи хуб касб мекунад.  

Чунин муваффақият на танҳо ҷойҳои кории бештар талаб мекунад, балки содиротро афзоиш ё воридотро камтар карда, боис мешавад асъори бештаре ба кишвар ворид шавад ё дар кишвар боқӣ монад. Пас, 16 дарсад афзоиш ёфтани истеҳсолот бояд ё ба ҳамин миқдор содиротро афзоиш медод ва ё воридотро камтар мекард. 

Албатта роҳи саввум ҳам вуҷуд дорад: афзоиши истеҳсоли матоъ истеҳсоли либос ва дигар маҳсулоти аз он омодашавандаро боло мебарад ва ё талаботи он соҳа ба маҳсулоти воридотиро камтар мекунад.  Дар ин сурат, бояд истеҳсоли ин гурӯҳи маҳсулот бояд афзоиш ёбад ва ё воридот камтар шавад. 

Аммо додаҳои мақомот воқеъияти дигарро нишон медиҳанд. Барои мисол, содироти маҳсулоти нассоҷӣ дар 11 моҳи соли гузашта $170 млн-ро ташкил додааст, ки 3,5% камтар аз соли гузашта мебошад. Аз ин бармеояд, ки коркарди маҳсулоти нассоҷӣ дар дохили кишвар қариб 20% афзоиш ёфтааст, чун 16,4% афзоиши истеҳсол ва 3,5% камшавии содирот танҳо аз ҳамин метавонад гувоҳӣ диҳад. 

Пас, воридоти молҳои омодашуда аз маҳсулоти нассоҷӣ, яъне либос ва ғайра бояд ҳади ақал ба ҳамин миқдор кам шуда бошанд. Мутаассифона, инҷо ҳам нишондиҳандаҳо комилан баръаксанд — воридоти маҳсулоти нассоҷӣ ва молҳои тайёршуда аз он $75 млн.ро ташкил додаанд, ки 4,4% афзоишро нишон медиҳад.

Яъне ҳам истеҳсолоти ватанӣ афзоиш ёфтааст ва ҳам воридот, ки комилан хилофи қоидаҳои бозор аст. Ягона хулосае, ки аз ин хилофҳои омор бармеояд ин аст, ки мақомот дурӯғ гуфтаанд ва омори истеҳсоли маҳсулоти нассоҷиро ҳади ақал 20% бештар аз он чӣ ҳаст нишон додаанд. 

Содироти нахи пахта ҳам тасдиқ мекунад, ки мақомот дар ироаи омор дурӯғи шохдоре гуфтаанд. Содироти нахи пахта аз аввали соли ҷорӣ ба 86 000 тон ё $115,5 млн. расидааст, ки 69%-и содироти маҳсулоти нассоҷиро ташкил медиҳад. Ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дурӯғи 300%-ӣ

Тибқи “Авесто” Тоҷикистон дар 11 моҳ 86 000 тон нахи пахта содирот кардааст. Агар моҳи декабр ҳам содирот бо ҳамин шакл идома карда бошад, пас солона ҳудуди 94 000 тон мешавад. Содироти нахи пахта 68 дарсади содироти маҳсулоти пахтагиро ташкил медиҳад. Пас ҷамъи пахтаи Тоҷикистон 138 000 тон будааст. Дар ҳоле, ки мақомот аз ҷамъоварии 403 000 тон соли гузашта ва 420 000 тон имсол хабар медиҳанд. Соли гузашта ҳам содирот ва коркарди нахи пахта тақрибан ба ҳамин миқдор буд. Пас ҳудуди 270 000 тон пахтаи дигар куҷо шуд?

Ин фарқи себробарӣ ҳаҷми дурӯғ ва изованависиҳои мақомоти Тоҷикистонро нишон медиҳад. Танҳо дар ҷамъоварӣ ва коркарди пахта ҳаҷми дурӯғ 300% аст. Чӣ гуна мақомот ба ин ҳаҷми бузурги изованависӣ ва дурӯғ расиданд?

2700 тон изофанависӣ дар як ҷамоъат

Аз охирин хабаре ҳам, ки дар бораи оморҳои дурӯғи мақомот нашр шуд ва ҳанӯз 4 рӯз аз он нагузаштааст, метавон ба чӣ гуна шакл гирифтани ин дурӯғҳо пай бурд. Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мақомоти маҳаллӣ ба хотири иҷрои нақшаи солона (албатта дар қоғаз) тавассути хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаи пахтаи ҶДММ “Зам-Зам”  ба номи ҳар кадом хоҷагӣ аз 500 кило то 4 тонна пахта навиштаанд. Ин қаллобӣ замоне рӯшан шуд, ки мақомоти андоз ба ин хоҷагиҳо рафта аз онҳо талаб кардаанд андози ҳосили ҷамъкардаашонро пардохт кунанд. Пойгоҳи хабарии “Бомдод” гузориш дод, ки бархе аз ин сокинон имсол дар заминҳои худ аслан пахта накиштаанд ва бархеи дигар мегӯянд, ҳосили пахтаи худро ҳанӯз насупурдаанд ва ҳосилашон низ баробари он рақаме нест, ки мақомот дар ҳисоботи худ навиштаанд. Дар нозироти андоз бошад ба деҳқонон гуфтаанд, ки бар асоси санадҳое, ки дастрас кардаанд, онҳо бояд барои ҳар тоннаи пахтае, ки ба номашон навишта шудааст, 225 сомонӣ андоз супоранд.

“Як тонна бошад – 225 сомонӣ, 2 тонна – 450 сомонӣ ва агар 4 тонна ба номи шумо навишта шуда бошад, бояд 900 сомонӣ андоз супоред. Танҳо аз ҷамоати Озодагон ба номи 1365 нафар аз 2 то 4 тонна ҳисобот навиштаанд, ки гӯё ҷамъ оварда, ба корхонаи пахтаи “Зам-Зам” супурда бошанд. Аммо бисёриҳо имсол аслан пахта накорида буданд. Ман худам дар 30 сотих замин пахта коридам ва ба номам 2 тонна пахта навиштаанд. Ҳол онки 2 тонна пахтаро ҳатто аз як гектар чидан амри маҳол аст. Аз 30 сотих замин ҳадди аксар ягон ним тонна ҳосили пахта метавон ҷамъ овард, вале 2 тонна – ба ҳеҷ сурат не”, – гуфтааст яке аз сокинони норозии ҷамоати Озодагон.

Дар ширкати “Зам-Зам” ба сокинони норозӣ гуфтаанд, ки бо амри раисони ҷамоатҳо ба номи ҳар нафаре, ки хоҷагии деҳқонӣ дорад, пахта навиштаанд. Масъулони ҷамоати Озодагон аз сокинон мегурезанд, мақомоти андоз исрор меварзанд, чун дар санадҳо чунин миқдори ҳосили пахта ба номашон навишта шудааст, бояд андози онро супоранд.

Ин гуна ҳодиса танҳо хоси ноҳияи Панҷ нест. Соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ноҳияи Вахш низ шикоят карда буданд, ки  мақомот онҳоро маҷбур доранд, ки аз корхонаҳои пахтакоркунӣ  дар бораи гӯё супурдани пахта қоғаз гиранд. Корхонаҳои пахтаи Вахш, ба гуфтаи деҳқонон, барои ҳар чунин қоғази дурӯғин 180 сомонӣ пул талаб мекунанд. Хоҷагиҳои деҳқонии Вахшро муваззаф кардаанд, ки ҳатто агар пахта накишта бошанд, чунин ҳуҷҷат бигиранд ва ба мақомот бисупоранд, то онҳо  битавонанд дар бораи иҷрои нақшаи солонаи пахтасупорӣ ба боло ҳисобот диҳанд.

Дурӯғ чӣ гуна бузург шуд?

Танҳо дар як ҷамоати ноҳияи Панҷ ба 1365 нафар варақаи дурӯғин пур кардаанд, ки гӯё аз ним то 4 тонна пахта супоридаанд. Агар ба ҳисоби миёна ба ҳар хоҷагӣ 2 тонна навишта бошанд, пас дар умум беш аз 2700 тонна изованависӣ кардаанд. Дар як ҷамоати як ноҳия! Тасаввур кунед, ки дар тамоми кишвар чӣ қадар изованависӣ сурат мегирад!  

Ин дурӯғи масъулини ҷамоъати Озодагони ноҳия Панҷ бо эҳтимоли хеле зиёд аввалин нест ва агар мақомоти андоз ба суроғи хоҷагиҳои деҳқонӣ намеомаданд, охирин ҳам намешуд. Тибқи иттилоъи як тоҷир аз ин ноҳия ҳанӯз шаш сол қабл мақомоти ин ноҳия ҳамин корро анҷом медоданд. Ин тоҷир ба Паём гуфт дар 5 гектар замини ӯ, ки аслан пиёз корида буд, мақомот 15 тонна пахта навишта буданд. Дар ҳоле, ки ҳосили пиёзашро ҳам қариб ду баробар сабт кардаанд. 

Ба 2700 тонна изофанависӣ мақомоти ҷамоати Озодагон шояд дар даҳ сол расидаанд. Соли аввал ба ҳосили буда 10% илова карданд, то афзоиш нишон диҳанд. Соли дувум маҷбур шуданд 20% илова кунанд, чун бояд аз соли аввал бештар нишон медоданд. Ҳамин тавр рақам боло рафтан гирифту худи истеҳсолот кам шудан. Ва натиҷа ин шуда, ки фарқи омор аз воқеъият ба 3 баробар расидааст. 

Зиёданависиву дурӯғҳои мақомот дар бораи афзоиши истеҳсолот ё ҳар омори дигаре чизи нав нест. Ҳафтае ё ҳади ақал моҳе нест, ки яке аз чунин дурӯғҳои шохтӯдори вазорат, кумита ё ниҳоде ифшо нашавад. Гоҳе ҳатто расонаҳои давлатӣ ба ифшокориҳои дар ин самт даст мезананд. 

Мутаассифона изованависӣ танҳо дар истеҳсолот нест. Бештари гузоришҳои мақомот дар бораи таъсиси корхонаву коргоҳҳо ҳам дурӯғ аст. Мақомоти маҳаллӣ қабл аз сафари раисҷумҳур ба минтақаашон даҳҳо усули фиребу дурӯғро пайдо мекунанд, то аз бунёди корхона ё коргоҳе гузориш диҳанд. Ва бештари ин “корхонаҳо” баробари канда шудани пои “пешво” аз фаъолият мемонанд. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *