11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Мақоми 124-уми Тоҷикистон дар радабандии COVID-19

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии кишварҳои амн аз вируси корона дар мақоми 124 қарор гирифтааст.

Ин радабандиро Созмони байналмиллалии Deep knowledge group  бар асоси иттилооти 200 кишвари ҷаҳон анҷом додааст.

Муҳимтарин шохисҳои ин радабандӣ таъсири карантин, ташхиси сареи беморони КОВИД-19 ва омодагии кишварҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ унвон шудааст.

Дар ин радабандӣ аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон ҷойгоҳи 71, Қирғизистон 108, Узбакистон 121, Тоҷикистон 124 ва Туркманистон 131-ро дорад.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз чаҳорҳазору 834 нафар аз сокинони  кишвар ба бемории  КОВИД-19 дучор шуда 49 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ин мақомот ҳамчунин аз коҳиши теъдоди афроди мубтало ба ин беморӣ ва афзоиши омори беҳбудёфтагон тайи ҳафтаҳои ахир хабар додаанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *