11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Муштзани тоҷик қаҳрамони Аврупо шуд

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар мусобиқоти бокси Осиё унвони қаҳрамониро ба дастовард.  Мусобиқот дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҷараён дошт, ки имрӯз, 26-уми апрел ба поён расид. Ин аввалин унвони қаҳрамонии Баҳодур аст.

Гуфтанист, Баҳодур дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бар Далсуки Нариматсу аз Ҷопон ғолиб омад. Дар чорякфинал бошад Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон ва дар қувваозмоии ниманиҳоӣ, муштзани қазоқ Саматалӣ Толтаевро шикаст дод.

Баҳодур Усмонов, дар таърихи бокси тоҷик чаҳорумин муштзанест, ки баъди Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева ба гирифтани унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст.

Қиссаи «АНОР»

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *