Ризқро аз Холиқ донистан ва бениёзӣ аз мардум
Талаби молу муҳайё кардани шароити беҳтар ҳадафи асосии мардум дар замони ҳозира аст. Бепуливу камдастӣ мушкилии ҳалношудании хеле инсонҳо гаштааст. Мардуми зиёдеро бошад, муҳаббати пулу мол он қадар ба худ печонидааст, ки ҳатто инсон будани худро фаромӯш карданд. Ҷамъи зиёди мардумро мебинем, ки масъулиятҳои муҳими бандагиву инсониро канор гузошта, ба ҷуз ҷамъоварии мол кори дигаре надоранд, гӯё, ки ҳадафи аслии инсон ҷамъи мол аст.
Аллоҳи раззоқу меҳрубон дар китобаш ва бо забони паёмбараш боду роҳ ё худ сабаб, роҳи ба даст овардани ризқро ба мо меомӯзад:
Яке сабаби ҳиссӣ, ки бо касбу кору такон додани ақлу ҷисми худ мо соҳиби мол мешавем.
Дигаре сабаби маънавӣ, ки бо парҳезгорӣ ва ибодатҳои махсус ва амалҳои руҳӣ ба ризқу рӯзиямон барат медиҳем.
Дарёфт кардани ризқ бо роҳи касбу корро тақрибан ҳама медонанд, ягона қонуни асосӣ дар касбу кор ба касе зарар нарасонидану дар баробари ин худамон ҳам зулм накардан мебошад.
Аммо агарчӣ асоси зиёдии мол дар баракати он аст, вале роҳҳои баракати ризқро бо амалҳои маънавӣ на ҳама медонанду ба он амал мекунанд.
Яке аз роҳҳои асосӣ дар пайдо кардани ризқу бобаракат гаштани мол, ин Аллоҳ, Худованди Мутаъолро раззоқ донистан ва яқин кардан ба он, ки ризқ ба дасти худи Ӯст.
Банда барои ба даст овардани ризқи Аллоҳ дода, сабабҳоро пеша мегирад, вале раззоқи асосӣ, каму зиёдкунандаи рӯзӣ танҳо Аллоҳ аст.
Баъзе гумон мекунанд ҳар чизе, ки доранд аз саъю меҳнати онҳост. Қуввати ҷисму ҳаракати ҳаррӯзаи онҳо сабаби кулли дороийи онҳост. Ҳар касе, ки мисли онҳо чолоку боғайрат аст, ҳатман мисли онҳо пулдор мешавад. Ин тоифа ризқи худро ба дасти худ мебинанд.
Аҷиб ин аст, ки ғалат будани ин тоифаро ҳама метавонанд, исбот кунанд. Чун хеле инсонҳоро мешиносем, ки садҳо маротиба ақли болову ҳаракати зиёд доранд, вале дар ризқ аз шахсони ба маротиб аз худашон камақлу камҳаракат поёнтар меистанд. Зиёдиву камии ризқ ба ақлу ҳаракату эътиқоди мардум ҳеҷ рабте надорад. Ҳама барои талаби ризқ саъй мекунем, баъзеҳо бо як ҳаракати кӯчак соҳиби моли зиёд мешаванд, баъзеи дигар бошад рӯзи дароз барои як пораи нон бояд даводав кунанд.
Тақсими ризқ танҳо ба дасти Аллоҳ аст. Ба касе чи қадаре, ки хост, ризқ медиҳад. Бо ҳикматҳои ниҳони худ нафареро сарватманд мекунад, нафареро миёнаҳол, нафари дигарро камдасту фақир.
Пас ризқи худро дар ақлу ҳаракати худ донистан, гумроҳии маҳз аст. Агар қуввати ақлу заковати инсон сабаби ризқи зиёд мешуд, имрӯз медидед, ки ҳама донишмандон қасрнишин ҳастанду, 2тудаи бесаводони дар курсиву болохонаҳо нишаста дар кӯчаҳо хобидаанд. Аммо чи тавре, ки гуфтем новобаста ба ақлу заковату ҳаракату эътиқоди инсон, Аллоҳ ба ҳар касе хост, чи қадаре, ки хост бо ҳикмати азалии худ рӯзӣ медиҳад.
Аллоҳ дар Қуръон мегӯяд:
و من دابة في الارض الا على الله رزقها
Ҳеҷ махлуқе дар рӯи замин нест, магар ин ки рӯзии ӯ ба дасти Аллоҳ бошад. (сураи Ҳуд ояти 6)
Ҳама махлуқотро ягона Аллоҳ ризқу рӯзӣ медиҳад.
Дар ояти дигар чунин омадааст:
و كاي من دابة لا تحمل رزقها الله يرزقها و اياكم و هو السميع العليم
Дар рӯи замин чи қадар аз махлуқоте ҳастанд, ки худ ризқи худро дарёфт карда наметавонанд, ин Аллоҳ аст, ки онҳоро ва шумоёнро низ ризқ медиҳад ва Ӯ шунаво ва биност. (сураи Анкабут ояти 60)
Азбаски ризқ танҳо ба дасти Аллоҳ аст ва ҳеҷ махлуқе кафили ризқи инсон нест, Паёмбарамон ба Ибни Аббос насиҳат карда гуфтанд:
Агар аз касе чизеро пурсидани шудӣ, танҳо аз Аллоҳ бипурс. Агар аз касе ёрӣ талабидани шудӣ, танҳо аз Аллоҳ ёрӣ хоҳ. (Сунани Тирмизӣ)
Пас аз махлуқе ризқи худро интизор надошта бош, ризқи ту танҳо ба дасти Аллоҳ аст, танҳо ба назди Ӯ сари зиллату муҳтоҷӣ хам бикун. Мушкилиҳоятро ба назди Ӯ шикоят бар, назди дари касе марав, дарҳои раҳмати Парвардигорр бикӯб. Ӯст, ки бо як калима қодир аст, ҳама мушкилиҳоятро бартараф кунад.
Чизи дигаре, ки ҳар як мусалмон бояд яқин дониста бошад ва барои шуданаш ҳеҷ шакке накунад, ин омада расидани ризқи муқаддаршуда мебошад. Ҳеҷ инсонеро Аллоҳ беризқ наофаридааст, ризқи ҳар инсон дар вақти муқаддар шуда ба дасташ меояд. Зеро ризқи инсон низ мисли аҷали инсон аст, ҳатман бояд вақту соаташ расад, то ки соҳибашро дарёфт кунад. Чи тавре, ки то умри дар тақдир бударо соҳиб нагардем, намемирем, айнан то замоне, ки ризқи бароямон қисматшударо ба даст нагирифтем, аз дунё нахоҳем рафт.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:
Ризқи инсон мисли аҷали инсон хоҳу нохоҳ ба соҳибаш омада мерасад. (Табарони )
Пас чи тавре, ки аз аҷал инсон гурехта наметавонад, аз ризқаш низ гурехта наметавонад, чи тавре ки аҷал дар вақташ мерасад, ризқ низ дар вақташ мерасад. Барои ҳамин Аллоҳ мегӯяд:
لكل اجل كتاب
Ҳар як қисмату тақдир вақти муайяни худро дорад. (Сураи Раъд ояти 38)
Самараи имон ба раззоқии Аллоҳ
- Вақте инсон бовар мекунад, ки ризқ ба дасти ягона Аллоҳ аст, аз камии ризқу рӯзиаш ғам намехӯрад. Зеро яқин дорад, ки ризқи муқаддар шудаи ӯ ба дасташ хоҳу нохоҳ дар вақту соаташ мерасад.
- Самараи дигари имон ба раззоқ будани Аллоҳ, ин бениёзӣ аз мардум аст. Шахсе, ки боварӣ дорад, ки ризқи ӯро Холиқаш ба кафолаташ гирифтааст, назди касе сари зиллат хам намекунад. Ҳеҷ касеро агар ту набошӣ ман аз гуруснагӣ мемирам, гӯён ба мақоми Худовандӣ намегузорад. Ҳамеша бо қалби ором зиндагӣ мекунад.
Зане, ки ризқу рӯзиашро аз шавҳари худ медонад, агар мабодое аз шавҳараш ҷудо шавад ва ё шавҳараш аз дунё равад, ба ҳазору як бемориҳои ноумедиву афсурдагӣ гирифтор мешавад. Гӯё ки бо аз даст додани шавҳар ризқу рӯзии худу фарзандонашро ҳам аз даст дода бошад. Баръакси ин ҳар зане, ки ризқи худро танҳо дар дасти Аллоҳ медонад, ҳамеша қалбу аъсоби ором дорад, зеро медонад, ки ба ҷуз Аллоҳ, касе ӯро аз ризқ маҳрум карда наметавонанд.
Хелеҳо дар назди махлуқи хокие мисли худашон обурӯву иззати худро ба замин мерезанд. Гумон мекунанд ҳамин инсонҳо агар набошанд, онҳо аз гуруснагӣ мемиранд. Ризқи худро мадюни махлуқи заифе медонанду тамоми умр мисли ғулом зиндагӣ мекунанд. Бо хушомадгӯиву тамаллуқ бандаеро раззоқи худ қабул кардаанд. Холиқи замину осмонҳо, рӯзидеву бениёзро канор гузошта худро зери пойи махлуқи нотавон барда сохтаанд.
Ҳар инсоне, ки Аллоҳро кафили рузии худ медонад, назди ҳеҷ як бандае, ҳеҷ як пешвову раисе бардавор сари зиллат хам намекунад. Аз бандагии махлуқ ба итоати холиқ мепардозад. Ҳеҷ як махлуқеро ба хотири моли дунё болои худ сардору саййид қарор намедиҳад. Зеро яқин медонад, ки ҳеҷ махлуқе қудрати зиёду кам кардани ризқи ӯро надорад. Ягона Аллоҳ аст, ки каму зиёдии ризқ дар дасти Ӯст.
Муслимаи Аҳмадӣ