10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Боз задухурди силоҳӣ дар марз бо Қирғизистон

Як нафар захмӣ шуд

Боз ҳам дар дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон задухурди силоҳӣ ба амал омада, дар натиҷа, як ҷавонзани сокини Исфара захмӣ шуд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар дод, ки “бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, шаҳрванди Қирғизистон, сокини ҷамоати деҳоти Оқсой, Соат Бахтибеков ба сӯйи шаҳрванд Шукрона Шароповаи 25-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ тир кушод, ки дар натиҷа хонум аз қисмати рости баданаш захм бардошт”.

Гуфта мешавад, ҷавонзани ҷароҳатбардошта коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин ҷамоат мебошад.

Боз ҳам ҷониби Тоҷикистон ин амалро иғвоангезона номида,  сокини Қирғизистон гунаҳкор карда гуфт, дар кирдори ин сокини кишвари ҳамсоя нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ дида мешуд, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад”. 

Тибқи маълумоти маркази матбуот, айни замон Шаропова дар ҳолати миёнаи вазнин дар бемористони шаҳрӣ бистарӣ шудааст.

Аммо дар бораи сабаби рух додани муноқиша ва бо кадом сабаб ба сӯйи Шаропова тир кушодани шаҳрванди Қирғизистон маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки 24 май дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара низ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша рух дода буд.

Дар ҳамин ҳол, баъди ҳодисаи тирпаронӣ дар марзи байни деҳаҳои Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух ва деҳаи Чичилиқи Қирғизистон, ки санаи 24 май ба вуҷуъ пайваст, дирӯз 26 май як манбаъи Паём худро муаллими мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 50-и Ворух муаррифӣ карда, ба Паём гуфт, аз рӯи маълумоти рӯи дастдоштааш бештари интригаҳо  барои ҳушу ёди мардумро сӯи дигар кашидан, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барномарезиву амалӣ мешаванд ва ҷони мардум дар хатар мемонад.

Сообщение ПАЁМ.net.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *