Юсуф Раҳмон бо ҳамтои лаҳистониаш муқовимат бо терроризмро баррасӣ кардааст
Додситони кулли Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Лаҳистон қарор дорад.
Зимни вохурӣ прокурорҳои Тоҷикистону Лаҳистон ба мувофиқа расидаанд, ки минбаъд муносибатҳои мустақими дуҷонибаро тақвият мебахшанд
Дар ин бора дафтари матбуотии додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад
Ба иттилои манбаъ, Раҳмон бо ҳамтои лаҳистонии худ Богдан Свенчковский, додситони ҳарбии он кишвар ва дигар шахсони расмӣ мулоқот доир намуд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташакили фаромиллӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон додситонҳои ду кишвар ба вазъи феълии Афғонистон мудохила намуда, масъалаи таъсири ин вазъият ба минтақа ва ҷаҳонро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд дар расондани ёрии ҳуқуқӣ ба парвандаҳои ҷиноятӣ, масълаҳои мубрами ҳуқуқӣ ва ниҳоятан муносибатҳои мустақими дуҷонибаро тақвият медиҳанд.