Диншинос: «Намози иди Фитр дар хона оилавӣ хонда шавад»
Донишманди динӣ Исломиддин Саидов ба ин назар аст, ки мусалмонон дар шароити карантин метавонанд намози идро дар хонаҳояшон гузоранд. Ӯ дар шарҳи ин масъала ба Паём гуфт, хондани намози ид дар ҳолатҳои оддӣ дар мазҳаби имом Абӯҳанифа воҷиб, дар мазҳаби имом шофеъӣ ва имом молик суннати муакадда ва назди мазҳаби имом Аҳмад фарзи кифоя аст.
“Бо дар назардошти он ки яке аз мақосиди аъзами дини ислом, ҳифзи ҷони инсонҳо мебошад, ба хотири ҷалби масолеҳ, манфиати инсонҳо ва барои дафъи ҳамонгуна хатару зарар дар бархе аз адои воҷиботи шаръӣ рухсат дода мешавад. Бинобар он ки сарҷамъии инсонҳо сабаби паҳн гаштани ин вирус мегардад ва мутахассисони соҳа барои маҳор кардани ин вабо таъкид бар тарки ҷамъомадҳои оммавӣ мекунанд, адои намози ид аз нигоҳи шаръӣ на дар масоҷид, балки дар хонаҳо бо аҳлу оила ва ё ба танҳоӣ гузаронида шавад”. гуфт Исломиддин Саидов.
Саидов мегӯяд, агарчӣ дар мавриди бидуни ҷамоат хондани намози ид байни мазоҳиб ихтилофҳое вуҷуд дорад, вале дар чунин ҳолатҳо бо такя бо асаре, ки аз Анас ибни Молик нақл шудааст, Имом дар ҳолати бо ҷамоати ҳамроҳи имом нарасидан, намози идро дар хона бо хонаводаашон мегузорид.
“Хутбаи ид хондан дар намози ид дар ин ҳолат зарурат надорад, вақти намози ид, ҳамон вақти намози зуҳо, яъне чошт аст. Намоз ҳамонгунае, ки бо ҷамоат баргузор карда мешавад, хонда шавад”.- таъкид кард диншинос Исломиддин Саидов.
Гуфтанист, Кумитаи дин қаблан эълон кард, дар масоҷиди Тоҷикистон намози Иди Фитр хонда намешавад.
Дар ин бора ба Азияплюс, Афшин Муқим, котиби матбуотии кумитаи дини назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода гуфтааст, ба далели пешгирӣ аз шуюи бемории корона Намози Иди Фитр дар Тоҷикистон баргузор намешавад.
Афшин Муқим дар мавриди баргузории Иди Фитр ба сурати онлайн ҳам гуфтааст: ба асоси назари Раиси Шурои Уламои Тоҷикистон мусулмонони ин кишвар бояд намози Иди Фитрро ҷамоат иқома кунанд ва намозҳои онлайнӣ намози ҷамоавӣ ҳисоб намешаванд.
Сообщение ПАЁМ.net.