Ҳамоиши «Созишномаи сулҳи тоҷикон»дар Олмон оғоз шуд
Имруз, 9 уми июл дар шаҳри Дортмунди Олмон хамоиши муҳоҷирони сиёсии Тоҷикистон дар робита ба 20 солагии баҳамоии Тоҷикон баъди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 баргузор гардида истодааст.
Ҳамоиши мазкур бо пахши суруди Миллии Тоҷикистон оғоз шуда, дар ғамоиш бештар аз 100 нафар тоҷикони муқими Урупо, аз ҷумла раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, коршиноси масоили сиёсӣ Олег Панфилов, ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров, роҳбари гурӯҳи Анҷумани мухолифони Тоҷикистон Шарофддин Гадоев ва Гурухи 24 дар ин ҳамоиш ширкат доранд.
Бояд гуфт, ки 27-уми июни соли 1997 неруҳои мухолифини Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар бо имзои санади Созишномаи Сулҳ ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима бахшиданд. Аз соли 1997 ба ин тараф рузи 27 уми июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешуд. Аммо, аз соли 2010 ба ин тараф ҷашнвораи мазкур аз тарафи ҳукумат ҷашни яктараф арзёбӣ мегардид. Дар соли 2015 бо бастани Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ин ҷашн бештар ҷашни ҳукуматӣ гардида, аз нақши мухолифин дигар на ҳамчун як тарафи сулҳ, балки як ҷониби ҷанги шаҳрвандӣ ишора мегардид.
Ҳамоиш тавассути радиои Зелло бо номи parastu садоӣ ва аз шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар гурӯҳи видеоӣ мустақиман пахш шуда истодааст.
Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд. Моро пайгирӣ кунед.