11 июня, 2025
# Tags

Дар Бохтар бинои нави Беморхонаи бемориҳои дил ва маркази эндокринология сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 09.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар шаҳри Бохтар бинои нави Беморхонаи бемориҳои дил ва маркази эндокринология сохта,  ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд. Бинои нави беморхона аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо маблағи 19 миллион […]

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодинҷон барои беҳтар шудани кори дил ва узвҳои ҳозима мусоидат мекунад

ДУШАНБЕ, 08.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бодинҷон, ки дар байни мардум бо номи «боймиҷон» машҳур аст, дар бозорҳои мамлакат фаровон гардидааст. Бодинҷон сабзавоти фоидабахш буда, дар таркиби худ модаҳои табиӣ ва нахҳои зиёди ғизоӣ дорад. Аз ҷумла, он холестерини хунро кам карда, бемории ҷигарро пешгирӣ менамояд. Ин сабзавот барои беҳтар шудани кори дил ва узҳои ҳозима […]

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид аст

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Шафтолу меваи сероб буда, таъми хуб дорад ва дар организм зуд ҳал мешавад. Он ба меъда барои ҳазм намудани хӯроки серравған кумак мерасонад. Барои бемориҳои тарбод (ревматизм) ва касалиҳои гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид мебошад. Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки шафтолуи тару тоза ва консерванамударо ҳамчун хӯроки парҳезӣ […]

ДАВИ МИЛЛӢ. Давидан метавонад ба коҳиши хатари марг аз сактаи дил ва дигар бемориҳои маъмул мусоидат намояд

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, соати 07:30 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Чорабиниҳои оммавии варзишӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони сафоратхонаҳо, кормандони касбу […]