Пешниҳоди маҳрум кардани «муҳоҷирони бемасъулият»аз ҳуқуқи волидайн дар Русия
Шӯрои назди раисҷумҳури Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон пешниҳод кард, ки кӯдакон аз волидони муҳоҷири беинсоф гирифта шаванд
Валерий Фадеев, роҳбари ин Шуро зимни сафараш ба вилояти Калуга дар шарҳи ин иқдом ба расонаҳо гуфта, ки насли наврас бояд таълим гирад ва ба таълимгоҳ фаро гирифта шавад.
Дар Русия минбаъд муҳоҷироне, ки аз фиристодани фарзандонашон ба мактаб саркашӣ мекунанд, аз ҳуқуқи волидайн маҳрум мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, падару модар вазифадоранд, ки фарзандони худро бо таҳсил таъмин кунанд, вагарна фарзанди онҳо кашида гирифта мешавад.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия лоиҳаи қонунеро пешниҳод карда буд, ки бар асоси он муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар кишвар метавонад то 3 моҳ кам карда шавад.