Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
ДУШАНБЕ, 13.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 май дар Самарқанд Фестивали байналмилалӣ оид ба парапланронӣ баргузор гардид, ки дар он парапланронҳои тоҷик низ иштирок намуданд. Дар ин хусус Федератсияи парапланеризми Тоҷикистон хабар медиҳад. Сарнишин аз Тоҷикистон Шараф Раҳимов бо парчами давлатӣ байни сарнишинҳои кишварҳои дигар аз болои теппаҳои Узбекистон парвоз намуд. Дар чорабинӣ беш аз 60 варзишгар […]