«АБУМУСЛИМНОМA»
«Абумуслимнома», яке аз нахустин асарҳои насри омиёнаи форсӣ — тоҷикист. Аз нигоҳи и навъи адабӣ (жанр) ин асар достони размию таърихӣ буда, падидаҳову рўйдодҳои ҳам воқеиву ҳам хаёлиро фаро гирифтааст. қаҳрамони марказии достон шахси таърихӣ, пешвои шўриши зидди Хилофати Умавиён Абумуслими Хуросонист.
Дар миёнаи а. 8 дарсарзаминҳое, ки мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон, маскун буданд, норозигии мардум аз Хилофати араб бар авҷи хеш расид. Намояндагони хонадонҳои Аббосиёну Алавиён аз ин ҳол баҳра ҷуста, алайҳи Умавиён бархостанд. Дар ин нукта ҳадафҳои давлатхоҳии Аббосиёну Алавиён бо ормонҳои озодихоҳонаи мардуми эронинажод мувофиқ омаданд. Аббосиён, ки худ бештар ба нерӯҳои зиддиумавии эрониён такя доштанд, Абумуслими Хуросониро ба пешвоии ин шўриш бардоштанд.
Соли 747 Абумуслим парчами сиёҳи Аббосиёнро барафрошт ва шўриши озодихоҳиву зиддиумавии мардуми Хуросон, Мовароуннаҳр ва Эронро сарварӣ кард. Соли 750 Абумуслим нерӯҳои Умавиёнро шикаст дод ва халифа Марвони Ҳиморро кушт.
Бо ҳамин хилофат ба дасти Аббосиён гузашт. Пас аз ин пирўзӣ Аббосиён Абумуслимро амири Хуросон таъйин карданд. Аммо Абумуслим, ки худ марди сарбаланду бошараф буд, бо хулафои Аббосӣ муносибати мағруронае дошт. Аз ин рў Аббосиён аз ў хавф доштанд. Халифаи дуюми Аббосӣ Абуҷаъфари Мансур дар пайи нобудии Абумуслим афтод. Ў борҳо Абумуслимро назди худ хонд, аммо Абумуслим гўш ба сухани ў намедод. Саранҷом с. 755 Абумуслим ба пойтахти Мансур омад. Абумансур ўро дар кўшки худ бурд ва хоинона бикушт. Ҳамин аст бунёди таърихии достон, ки бо воқеияти таърихӣ умумияти тамом дорад.
Дар ҳама нусхаҳои дастнависи достони “Абумуслимнома” офарандаи онро Абутоҳири Тартусӣ (дар баъзе навиштаҳо Тарсусӣ) гуфтаанд. Масалан, дар пешгуфтори яке аз тарҷумаҳои туркии “Абумуслимнома” гуфта шудааст, ки онро бо хоҳиши Султон Маҳмуд (ҳукмр. 998 – 1030) Абутоҳири Тартусӣ таълиф кардааст. “Абумуслимнома” нахуст дар шакли даҳонӣ пайдо шуда, сипас чун китоб ба табъ расидааст. Аз ишораҳои таърихномаҳо бармеояд, ки “Абумуслимнома” охири а. 11 дар шакли хаттӣ мавҷуд будааст.
“Абумуслимнома” аз оғози пайдоиши худ то солҳои 20 асри 20 машҳуртарин достони омиёна будааст. Дар ин муддати дароз дар сарзаминҳои паҳновари форсиён ин достон ба дигаргуниҳои фаровон дучор шудааст. “Абумуслимнома” падидаи муҳити демократист ва мундариҷаи ғоявии он низ дар савияи афкори ин муҳит аст.
Офарандагони достон, ки худ аз миёни омиён берун омадаанд, онро ба завқу ҷаҳонбинии худ мувофиқ кардаанд. Аз ин рў, қаҳрамонони он, агарчи бархе аз онҳо шоҳу шоҳзодаанд, рўҳи омиёна доранд. Қаҳрамони марказии асар Абдурраҳмон, ки кунияташ Абумуслим аст, парвардаи ҳамин муҳит мебошад. Ў дар деҳаи Мохони Марв ба дунё омада, дар муҳити мардуми заҳматкашони кору зиндагӣ омўхтааст.
Давлатмандон ўро ҳезумфурўш мегуфтанд ва бо ў нописандона муносибат мекарданд. Абдурраҳмон корномаҳои худро бо ёрии дўстонаш Хурдаки оҳангар, Абутоҳири сайқалгар, Абуалии дуредгар, Абуљаъфари гилкор, Исҳоқи кундашикан ва кишоварзону пешоварон анҷом медиҳад. Достонсароён сахт кўшидаанд, ки роҳи қадрамони хешро аз ҳезумфурўшӣ то ба пойгоҳи сипаҳсолориву амирӣ бо рангҳои ҳар чи дурахшонтар тасвир кунанд.
“Абумуслимнома” асари пурмоҷаро аст. Мундариҷаи достон саршор аз ҳодисаҳои таърихӣ буда, бо омезаҳои ангорӣ басо паҳновару ғаниву рангинтар ба тасвир расидаанд. Аз мавқеи таърихии набарди Абумуслим бо Умавиён дар достон танҳо ишорае мавҷуд асту бас. Бештар корзору корномаҳои Абумуслиму Аҳмади Замчӣ, Мизробшоҳи Ҷаҳонгири Хоразмиву Маликзод, Турки Таҳмоспу Тарид ва диг. размиёни сипоҳи Абумуслим, айёриҳои Зулобиву Боди Ялдо, Ҷонфулусу Доғуливу Каҷпо ва диг. тасвир ёфтаанд, ки аз воқеаҳои хушки таърихӣ рангинтар ба назар мерасанд.
Маҳз ҳамин сабаб дар муайян кардани жанри асар душворие пеш меорад. Набардҳои танбатани паҳлавонон асарро ба ҳамосаи размӣ наздик сохтааст. Он моҷарову саргузаштҳои шигифтовар, ки айёрон аз сар мегузаронанд, асарро ба жанри роман (ба истилоҳи имрўза) монанд мекунанд.
“Абумуслимнома” яке аз ҷолибтарин достонҳҳоест, ки расму ойини мардуми оддӣ, муҳити зиндагӣ мекунанд ва андешаву ангораи зебоишиносии ононро басо дурахшону рангин бозтоб кардааст. Он муҳити озоду демократие, ки достонгўёну шунавандагони ононро фаро гирифтааст, як омили муҳими ошкоро баён кардани нионнтарин розҳо дар достон гардидааст. Ҳамин муҳит барои кор бастани хандаи омиёна дар достон созгорӣ кардааст. Ханда яке аз муҳимтарин воситаҳои корбасти андешаву орзуҳои мардуми ранҷбар дар дунарномаҳои онҳо буда, муносибати офарандагони ин достонро ба ҳастӣ ва рўзгори иҷтимоиву сиёсии замон ифода мекунад. Ин вижагии муҳтавои достон онро аз баландии вижагии жанрии ҳамоса ба зер оварда, бо муҳити зиндагии офарандагону шунавандагони он ҳамсоз мекунад ва ҷаанбаи романии онро меафзояд.
Бархе кирдорҳои зишти қаҳрамонони маҳбуб ақидаи деринаи нодурустеро, ки гўё “Абумуслимнома” асари динист, аз бех инкор мекунад. Дар достон ғояҳои иҷтимоии давр бо ҳаводиси таърихии рўзгор дар ҷамбастагӣ тасвир шудаанд.
Адолатхоҳӣ, ки мардуми ранҷбар ҳамеша хостори он будаанд, дар маркази тасвири достони “Абумуслимнома” ҷой доранд. Аммо ҳар намояндаи гурўҳ ё ҷомеа ин пиндорро аз дидгоҳи суду зиёни худ шарҳ медиҳаду мепазирад. Дар достон, ки офаридаи мардум аст, падидалову рўйдодҳои таърихӣ, иљтимоии сиёсӣ ё бештар аз дидгоҳи онон шарҳ ёфтаанд. Ҷаҳони рангини достонии асар ҷаҳони ормону андешаҳои худи мардум аст.
“Абумуслимнома” борҳо ба забонҳои туркӣ тарҷума шуда, дар миёни мардуми туркизабон низ шўҳрати тамом дорад.
Бознашр аз: Чиллаев Қ. Абумуслимнома. // Энсиклопедияи миллӣ. Ҷ. 1. А — Асбоб. Душанбе, 2011, С. 93.
Ҳамчунин р. ш. ба манобеи зайл:
Абумуслимнома. Душанбе, 1994. Салимов Ю. Насри ривоятии форсу тоҷик, Душанбе, 1971; Брагинский И. С. Очерки из истории таджикской литературы, М., 1958; Борщевский Ю. Е. Персидская народная литература. Плутовка из Багдада, М., 1963; Чиллаев К. Народный роман «Абумуслим-наме», Д., 1985.