11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Сарвазири Русия ба коҳиши нархҳо амр дод

Сарвазири Русия Михаил Мишустин зимни як ҷаласаи ҳукуматӣ дастур дод, ки барои коҳиш додани нархи маҳсулоти муҳимми озуқаворӣ дар кишвар чораҳои муассир андешида шаванд.

 Мишустин бо таъкид гуфт, «Ин мавзӯъ барои мардум бениҳоят ҳассос аст. Дар заминаи коҳиши даромади мардум, болоравии нарх ғайри қобили қабул аст».

Ба гуфтаи Мишустин, вазоратҳо хатари болоравии нархҳоро кам арзёбӣ карданд ва назорати вазъро аз даст доданд. Бисёриҳо иштибоҳан болоравии нархи ғизоро ба мавсимӣ будани он рабт доданд.

Сарвазири Русия гуфт, намояндагони вазоратҳо афзоиши содирот, динамикаи нархҳои ҷаҳонӣ, афзоиши қурби асъор ва кам шудани истеҳсоли як қатор молҳоро ба назар нагирифтанд.

Мишустин ёдовар шуд, ки қаблан президент Владимир Путин дастур дода буд, ки барои маҳдуд кардани болоравии нархҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *