11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Раҳмон авфи амвол эълон кард. Оё бовар мекунанд?

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки имсол барои қонунӣ кардани «маблағҳо ва дигар дороиҳо» афви умум эълон кунад. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми январ дар паёмаш ба порлумон ба ҳукумат дастур дод, ки барои эълони чунин афв заминаҳои меъёриву ҳуқуқиро фароҳам намояд.

Ҳадаф аз эълони афви пул ва дигар намуди сарватҳо, расман «фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ» гуфта шуд. Дар идома раисҷумҳур афзуд, Тоҷикистон дар 30 соли истиқлол танҳо як бор афви дороиҳо эълон кард, вале кишварҳои пешрафта дар ин муддат чандин бор чунин маърака баргузор намуданд. Президент Раҳмон аз ин кишварҳо ном набурд.

Тоҷикистон соли 2007 афви молу амвол доир карда буд. Мақомот он замон мегуфтанд, кишвар ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, хусусигардонии корхонаву дигар амвол дар шароити бесуботӣ ҷараён гирифт ва зарурати афви дороиҳо пеш омад. Афви дороиҳо ба сарвате дахл дорад, ки қонунмандии он тасдиқ нашудааст. Мақсад ин буд, ки моликон бе хавфи он ки мақомот сарчашмаи ин дороиҳоро суроғ мекунанд, онҳоро расман сабти ном кунанд ва ба маҷрои қонунӣ ворид шаванд.

Ҳоло бошад, аксари заминҳои ҳосилхез  дар кишвар аз ҷониби оилаи раисҷумҳур аз худ карда шудаанд. Ҳатто чарогоҳҳои мардумро шахсони наздик ба раисҷумҳур шахсӣ кардаанд. 

Дар ҳамин ҳол ҳазорҳо нафарро ба хотири ғайриқонунӣ харидорӣ кардани замини наздиҳавлигӣ хонаҳояшонро бо булдозер ба замин яксон карда истодаанд.

Қисссаи “Иди нону иди модар”

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *