Урдуғон ба ҷуз ду вазир тамоми кобинаи худро тағйир дод
Раҷаб Таййиб Урдуғон номи аъзои кобинаи ҷадиди худро эълом кард ва ба ҷуз ду вазир тамоми аъзои кобинаи худро тағйир дод. Раисҷумҳури Туркия ин бор бештар аз чеҳраҳои технократ дар тими ҷадиди худ истифода кардааст.
Урдуғон пас аз адои савганд дар маросими рӯнамоӣ аз кобинаи ҷадиди худ, Меҳмет Шисмак, банкдори пешини байналмилалиро ба унвони вазири ҷадиди иқтисодии Туркия муаррифӣ кард. Ў дар кобинаи ҷадид ба ҷуз вазири беҳдошт ва фарҳанг, тамоми вузарои пешини худро тағйир дод, то нишон диҳад ба думболи рӯйкарди тоза дар идораи кишвар аст.
Интихоби Шисмак, ки байни солҳои 2009 то 2015 ба унвони вазири дороӣ ва муовини нахуствазир, масъули иқтисоди Туркия буд, бисёр мавриди таваҷҷуҳи сармоядорон қарор гирифтааст. Ў ҳамчунин пеш аз он ки раванди идомадорм суқути лир оғоз шавад аз симати худ канорагирӣ карда буд. Таъйини дигарбораи ӯ метавонад нишонае аз канор гузоштани сиёсатҳои қаблии иқтисодии Урдуғон бошад, ки таваррум ва коҳиши арзиши пули миллии қобили таваҷҷуҳе ба Туркия таҳмил кардааст.
Шисмак ба мухолифат бо сиёсатҳои чанд соли ахири Урдуғон дар иқтисод маъруф аст ва интихоби ӯ аз сӯи раисҷумҳур метавонад нишонаи муҳимме аз тағйири рӯйкардҳои Урдуғон ба шумор равад. Туркия бо буҳрони иқтисодӣ рӯбарӯст ва сатҳи таваррум дар ин кишвар дар моҳи октябри соли гузашта ба 85 дарсад расид. Бо бархе аз иқдомоти давлат ин сатҳ дар остонаи интихобот дар моҳи май ба 44 дарсад коҳиш ёфт. Коршиносони ғарбӣ мегӯянд ин коҳиш муваққатӣ аст. Арзи миллии Туркия ҳам аз ибтидои сол то кунун беш аз 10 дарсад арзиши худро дар баробари доллар аз даст додааст ва тамоми ин маврид чолишҳое ҳастанд, ки Шисмак бо он рӯ ба рӯ хоҳад буд.
Дар сиёсати хориҷӣ ҳам Урдуғон даст ба тағйири бузург зад ва ба ҷойи Човушоғлу, тасмим гирифт Ҳоқон Фидон, раиси пешини Созмони иттилооти ин кишварро ба ҷонишини ӯ кунад. Човушоғлу аз соли 2014 дар ин симат ҳузур дошт.
Фидон, ки яке аз наздиктарин дастёрони Урдуғон аст, аз соли 2010 раёсати Созмони иттилооти миллии Туркия (MIT)-ро бар ӯҳда дошта ва пеш аз он ҳам мушовири Урдуғон дар дафтари нахуствазирӣ будааст.
Урдуғон ҳамчунин Яшар Гюлер, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Туркияро ба унвони вазири дифоъ муаррифӣ кард ва ӯро ҷойгузини Хулуси Акар намуд. Ин марди 69 сола дар тӯли амалиёти низомии Туркия дар Сурия дар солҳои 2019 ва 2020 фармондеҳи артиш буд ва бар амалиётҳои низомии баъдӣ дар он ҷо ва ҳамчунин Ироқ назорат дошт.
Урдуғон ҳамчунин эълом кард, ки Ҷӯдат Йилмаз муовини ӯ хоҳад буд. Йилмаз қаблан ба унвони вазири тавсеа, муовини раиси Ҳизби Адолат ва Тавсеа ва ҳамчунин муовини нахуствазир фаъолият кардааст. Йилмази 56 сола аз ноябри 2020 раиси комиссияи барномарезӣ ва будҷаи парлумони Туркия будааст.
Таҳлилгарон бар ин боваранд муаррифии ин афрод ба унвони вузарои ҷадид нишон медиҳад, ки ӯ талош хоҳад кард бар ҳузури афроди технократ ба ҷойи чеҳраҳои сиёсӣ тамаркуз кунад. Ҳамчунин тибқи маъмул Урдуғон самтҳои калидиро дар ихтиёри касоне қарор дода, ки бисёр ба онҳо эътимод дорад.
Урдуғон ҳангоми муаррифии аъзои кобинаи худ эълом кард, ки Туркия имрӯз қавитар аз дирӯз талош мекунад аҳдофи ҷумҳурии садсоларо муҳаққиқ кунад. Ў ҳамчунин ибрози умедворӣ кард бо ҳамроҳии аъзои кобинааш битавонад мушкилот дар кишварро бидуни таваҷҷуҳ ба монеъаҳо бартараф кунад ва ин кишварро дар масири рушду пешрафти бештар раҳбарӣ намояд.
Ӯ ҳамчунин эълом кард, ки нахустин ҷаласаи кобинаи ҷадид рӯзи сешанбе 6 июн ташкил хоҳад шуд.