11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Режими Асад 1916 паноҳҷӯро, ки ба Сурия бозгаштанд, боздошт кард

Шабакаи ҳуқуқи башари Сурия эълом кард, режими Асад 1916 паноҳҷӯро, ки байни солҳои 2014 то 2019 ба Сурия бозгаштаанд боздошт кардааст. 

Шабакаи ҳуқуқи башари Сурия (SNHR) тайи гузоришt эълом кард: Режими Асад 1916 ғайринизомиеро, ки байни солҳои 2014 то 2019 аз кишварҳое, ки ба онҳо паноҳ бурда буданд ба Сурия бозгаштаанд, боздошт кардааст. 

Бар асоси ин гузориш 219 тан аз боздоштшудагон кӯдак ва 157 тан аз онҳо низ зан ҳастанд. Ҳамчунин 15 ғайринизомӣ мавриди шиканҷа қарор гирифта ва ҷони худро аз даст додаанд. 

Ин дар ҳоле аст, ки аз сарнавишти 638 нафар аз 784 зиндонӣ хабаре дар даст нест. 

Бар асоси гузориши мазкур, ки дар таърихи 30 апрели соли ҷорӣ мунташир шуд, аз оғоз ҷанг дохилӣ дар Сурия 14 ҳазор аз садҳо ҳазор зиндонӣ таҳти шиканҷаи режими Асад ҷон бохтаанд.

Таваррум дар 7 моҳ ба 4,9% расид

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *