Пешниҳоди хонанда: Ислоҳот дар соҳаи саноати сабук
Саноати сабук, яке аз соҳаҳои асосии саноати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Соҳаҳои саноати сабукро, корхонаҳои коркарди пахта, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва коркарди пӯсту пойафзолдузӣ ташкил намуда дар давраи Шӯравӣ, дар асоси ашёи хоми дохилӣ, кишоварзӣ ва чорводорӣ рушду нумӯъ намудааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ бояд, аз рӯзи аввали истиқлолият барои нигоҳ доштан ва таъмин намудани аҳолӣ бо истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа аҳамияти ҷиддӣ медод.
Аввалан он чӣ ки дар давраи Шӯро сохта шуда буд нигоҳ дошта натавонист, гуфтан мумкин аст, ки қисми зиёди истеҳсолоти сабук фалаҷ шуд, аз имкониятҳо ва кӯмакҳои хориҷӣ, ба ин соҳа ворид шуда самаранок истифода бурда натавонистем. Ҳоло аз давраи Шӯро ҳам, истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук кам шудааст. Дастгоҳҳо, аввалан фарсуда шуд, сониян бисёри дастгоҳҳои комбинати шоҳибофиро ба Ӯзбекистон гирифта рафтанд, дастгоҳҳои як фабрикаи қолинбофии Қайроққумро кӯчонида ба Данғара бурданд, вале истифода бурда натавонистанд, қисме аз дастгоҳҳоро бо роҳҳои гуногун ба металолом супориданд ва ғайра.
Ҳаминтавр соҳаи саноати сабукро ба дасти худ фалаҷ намудем. Пешниҳод менамоям, ки биноҳо ва иншоотҳои соҳаҳои саноати сабук, ки хусусӣ гардонида шудааст, мақсаднок истифода бурда шавад. Дар акси ҳол ба давлат боз пас гардонида шавад. Сабаб: яке аз шартҳои асосии хусусӣ гардони, ин аст, ки минбаъд, коркарди ҳамон соҳаро инкишоф дода шавад. Дар Тоҷикистон, барои рушди ин соҳа ҳамаи шароит ҳаст. Ашёи хом, қувваи корӣ, нерӯи барқ ва талабот ба маҳсулоти истеҳсол шуда. Барои рушди ин соҳа кадом сабабҳо моъне шуд ва шуда истода аст: 1. Андозбандии баланд;
2. Ҷарима бандии аз ҳад зиёд;
3. Арзиши баланди барқ;
4. Тафтишотҳои бемантиқ ва ғайра.
Саноати коркарди пахта ва абрешим.
Саноати коркарди пахта, дар Тоҷикистон, аз асрҳои гузашта, яъне пеш аз Иттиҳоди Шӯравӣ, оғоз ёфтааст. Вале бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ то ҳол аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда нашуда, ин соҳа рушд накардааст. Дар натиҷа талаботи аҳолии ҷумҳуриро қонеъ гардонида наметавонад. Яке аз сабабҳояшро ман дар даврони Ҳукумати Шӯравӣ мебинам. Ҳукумати Шӯравӣ, ба ҷои он ки ашёи хоми пахтаро дар дохили кишвар коркард кунад, онро ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС мебурд. Мисол, ашёи хоми пахтаро аз Тоҷикистон ба Русия, аз ҷумла ба шаҳри Иваново бурда, ҳазорҳо коргарзанонро, ба кор таъмин менамуданд. Маҳсулоти тайёршударо дар дохили Русия ва беруни он аз ҷумла ба Тоҷикистон, оварда фурӯхта мешуд.
Ҳол он ки ҳамаи зинаҳои коркарди саноати пахтаро, то маҳсулоти тайёр, дар дохили кишвар ба роҳ мондан мумкин буд. Чаро? Чунки ашёи хом, қувваи кори арзон, нерӯи барқи арзон, талабот ба маҳсулоти тайёр, ( нисбати бо ҳаҷми калони ашёи хоми пахтаро кашондан, маҳсулоти тайёрро ба дигар кишварҳо бурдан осон буд ва ҳаҷми на он қадар калонро ташкил мекард ) ва ғайра дар дохили кишвар мавҷуд аст. Ҳоло ҳам ба шакли дигар давом дорад. Яъне, якчанд нафар олигархҳои аз ҳисоби миллат дорошудаи Тоҷикистони пахтаи бо заҳмат руёнидашудаи хоҷагиҳои деҳқониро бо нархи арзон харидорӣ намуда, то Русия, Чин, Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳо бурда хело бо нархи баланд мефурушанд. Деҳқони бечора камбағал буд, боз камбағалтар шуда истодааст ва ҳатто хоҷагиҳои деҳқони пахтакорӣ, фаолияти худро қатъ карда истодаанд. Дар 9 моҳи аввали соли 2019, 7500 адад хоҷагиҳои деҳқони фаолияти худро қатъ намуданд.
Дар шароити кунунии Тоҷикистон, барои нумӯъи, соҳаи саноати пахта ҳамаи шароит ва заминаҳои зарурӣ муҳайё аст:
— ашёи хоми пахта;
— нерӯи барқи арзон;
— қувваи кории арзон;
— талабот барои маҳсулоти тайёр;
— сармоягузорон ва ғайра.
Сабаби асосии монеъи рушди ин соҳа танҳо набудани шароити озоди корӣ барои фаъолияти соҳибкорон, арзиши баланди нерӯи барқ, андози баланди дандоншикан, ва солҳои охир ҷарима бандии бераҳмона зиёд шудааст.
Барои рушд ва нумӯъи соҳаи саноати пахта бояд соҳибкоронро аз 5 сол то 8 сол аз андоз озод намуда, пардохти арзиши барқ то 12 — 18 дирам поён фароварда шавад. Зеро аз тарафи соҳибкорон интихоби ҷои истеҳсолот, омода намудани коргар ва мутахассис, дастрас ва овардани таҷҳизотҳои замонавӣ, аз хориҷи кишвар, ( ворид намудани кулли таҷҳизотҳои истеҳсолиро бо як вақти муайян, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод карда шавад ), ҷалб намудани сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ, ҷобаҷогузории таҷҳизот ва омода намудани онҳо, муҳайё намудани шароити корӣ дар истеҳсолот, бастани шартномаҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳамаи корҳои дар боло зикр шуда вақт ва сармоя талаб мекунад.
Барои рушди ин намуди соҳа, ҳоло 18 корхонаҳои коркарди пахта ва бо нуқтаҳои пахта қабулкуни 118 — корхона кору фаолият мекунад. Ба монанди Иттиҳодияи истеҳсоли матоъҳои пахтагини шаҳри Душанбе, фабрикаи ресандагӣ ва бофандагии «Кабоол — Таҷик — Текстайл», фабрикаи ресандагии «Ҷавонӣ», сехи бофандагии «Нур текстайлз» дар Хуҷанд, фабрикаи бофандагии шаҳри Конибодом, фабрикаҳои ресандагии Мастчоҳ, Заробод, Қургонтеппа, Фархор ва фабрикаи бузурге, ки аз истеҳсоли нахи пахта шуруъ шуда то ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва маҳсулоти тайёри либосҳо, ки то 1 млн. адад, либосҳо тайёр карда мешавад, дар ноҳияи Дангара сохта шуда истодааст.
Вале мушкилот дар он аст, ки корхонаҳои зикр шуда ягон вақт бо пуррагӣ кор намекунанд. Ҳоло бо сабаби боло рафтани арзиши қиммати масрафи дохилии нахи пахта » Кабоол — Таҷик — Текстайл » корхонаи бофандагии шаҳри Хуҷанд, то як давраи номуайн фаолияти худро қатъ кард. Чунин ҳолатҳо дар дигар фабрикаҳои ресандагӣ борҳо такрор мешаванд. Дар фабрикаи ресандагии Қурготеппа, дар давраи Шуравӣ, 4000 нафар коргарон кору фаъолият карда зиндагии худро мечархонданд. Вале пас аз хусуси гардонидани фабрика, он тороҷ шуд, ҳатто дар қаламрави фабрика сехи оҳанобкунӣ сохта куллӣ дастгоҳҳоро бурида об карда ба Чин кашонданд, ақаллан ба ҷои дастгоҳҳои фарсурда шуда ягон дастгоҳ харидори карда нашуд…
Ба ҷойи фабрикаи ресандагӣ, сехи коркарди пӯст сохта шудааст, ки ин ҳам беҳтарин амал аст (оиди коркарди пуст баъдтар сухан мекунем). Агар хоҳем,ки ин соҳаи муҳими саноатӣ рушду нумуъ кунад, пеш аз ҳама бояд, бо ҷумҳурии Узбекистон ва ҷумҳурии исломии Эрон, Туркия ҳамкории дӯстонаи баробариро барқарор карда, дар якҷоягӣ, аввал корхонаҳои сохта шударо бо пуррагӣ фаъол намуда, пас дар якҷоягӣ сехҳо ва фабрикаҳои истеҳсолии ресандагӣ ва бофандагӣ сохта шавад. То ки талаботи дохилиро таъмин карда тавонем. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, таҷрибаи хело бойи ин соҳаро доранд. Ҳоло маҳсулоти тайёри матои пахтагини онҳо ба мамлакатҳои арабӣ, Русия, Белорусия ва ҳатто то Иттиҳоди Аврупо содир карда мешавад. Мутобиқи маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир танҳо 12% нахи пахтаи кишвар дар дохил коркард мешавад, ки барои як кишвари, садсолаҳо истеҳсоли пахта дошта хело ночиз ва шармовар аст.
Раиси палатаи поёнии МН МО Шукурҷон Зуҳуров, гуфта буд, ки дар дохили Тоҷикистон, аз 400 000 тонна пахтаи ҷамъоварӣ шуда ҳамагӣ 25% коркард мешавад. Барои муқоиса Узбекистонро мисол овард, ҳар соле, то 3 млн. тонна пахта ҷамъоварӣ менамояд, аз соли 2018 ва минбаъд, кулли пахтаи ҷамъовари шударо дар дохили кишвар коркард мекунад. Яъне Ӯзбекистон ( 3 млн. тонна ), Тоҷикистон (100 ҳазор тонна) ва ё зиёдтар аз 30 баробар Узбекистон коркард мекунад.
Вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода, дар парламент, изҳор дошт, ки дар аксари корхонаҳо технологияи кӯҳна истифода бурда мешавад, ки ин аз як тараф, аз тарафи дигар камбудии молии корхонаҳо, яъне дар соли 2019, баъзе корхонаҳои коркарди пахта — пахтаи ҷамъовари шудаи хоҷагиҳои деҳқониро харидорӣ карда натавонист. Деҳқонҳо аз як ноҳия ба ноҳияи дигар бурда пахтаи ҷамъоварикардаи худро супориданд. Сабаби дигари камбудӣ, деҳқонон сари вақт, аз лиҳози камбудии молӣ доштан, поруи минералиро харидорӣ намуда сари вақт расонда наметавонанд ва ё сари вақт, барои култиватсия, додани поруи минералӣ техникаро дастрас карда наметавонанд, дар вақташ обро намедиҳанд. Хулоса коркарди ниҳолҳоро дар вақташ гузаронида наметавонад. Дар натиҷа ҳосили рӯёнида шуда ҳамагӣ 10 — 15% — ташкил мекунад, ки деҳқон ба ҷои фоида зарар мебинад. Чи бояд кард?
1. Аз болои корхонаҳои коркарди пахта назоратро сахт кард;
2. Он корхонаҳое, ки қудрати коркардро надоранд, ба давлат боз пас гардонанд;
3. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки қудрати рӯёнидани пахтаро надоранд, ба кишти соҳаҳои дигари кишоварзӣ иҷозат дода шавад. Масалан ба кишти ғалладонагиҳо (оиди ин масъала дар банди кишоварзӣ маълумоти пурра хоҳем дод ).
Дар оянда, барои талаботи мардумро қонеъ намудан, дар кишвар истеҳсоли матои пахта, аз навъи, аълои пахта тайёр намуда, матои истеҳсолшударо, бо рангҳои мувофиқи мардон ва занон тайёр ва пешниҳод намудан лозим аст, ки дар дохили кишвар талабот пайдо кунад.
Барои рушди соҳаи саноатӣ пахта боз ба ду ҳадаф, аз тарафи Мақомот Ҳукумати ҷумҳурӣ, эътибори ҷиддӣ дода, аз болои онҳо назорати сахт ҷорӣ карда шавад:
— шароити мусоиди корӣ ба соҳибкорон дода шавад, набояд органҳои тафтишоти пай дар пай сехҳо ва фабрикаҳои ресандагӣ ва бофадагиро мавриди тафтишот қарор диҳад. Ҳатто дар ҳолати зарурӣ, раисҷумҳур ба зери назорати худ бигирад. Чунки ин соҳа, на танҳо рушди соҳаи ресандагӣ ва бофандагӣ аст, балки сабабгори рушди соҳаи дӯзандагӣ ҳам ҳаст.
— боҷи гумрукӣ, воридоти маҳсулоти тайёр, (яъне воридоти матоъҳои сунъи, либосҳои мардона, занона ва бачагона ) ҳар соле аз 5 — 10%, то дараҷае бардошта шавад, ки талаботи аҳолии кишварро ба маҳсулоти дохилӣ таъмин карда тавонем. Ба ҷои корҳои фаҳмондадиҳии сатру ҳиҷоб, минбаъд барои харидорӣ намудан ва омода сохтани намудҳои либоси миллӣ аз маҳсулоти дохилӣ гузаронда шавад, ин ба манфиати миллат аст. Ин амал дар навбати аввал мушкил ва иҷронашаванда менамояд, вале баъд аз чанд сол ба манфиати миллат ҳалли худро меёбад.
Дар моҳи январи соли 2020, Ҷумҳурии исломии Эрон, воридоти маҳсулоти, дар дохили кишвар истеҳсолшавандаро, аз хориҷи кишвар бо пуррагӣ манъ кард, то ки аҳолиро бо маҳсулоти дохилии худ таъмин намояд.
Дар аввали солҳои истиқлолият, ҷумҳурии Узбекистонҳам боҷи гумрукии воридоти автомашинаҳои аз хориҷи кишвар воридшавандаро баланд кард, аҳолӣ автомашинаҳои аз хориҷи кишвар воридшударо харидорӣ карда натавонист. Дар дохили кишвар ба сохтмон ва истеҳсоли автомашинаҳои сабукрав ва автобусҳо ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа соҳаи мошинсозӣ зуд ба кор даромад. Ҳоло Ӯзбекистон, яке аз мамлакатҳои содиркунандаи автомашинаҳо ба шумор меравад.
Коркарди корхонаи абрешим яке аз соҳаҳои муҳим ва қадимтарини саноати сабуки ҷумҳурӣ ба шумор рафта, асосан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Душанбе, ҷойгир шудааст. Калонтарин корхонаи комбинати шоҳибофиро дар шаҳри Хуҷанд солҳои 30 — уми асри гузашта сохта ба истифода дода шуда буд, ки яке аз комбинатҳои калонтарини саноати сабуки Тоҷикистон ва ҳатто ИҶШС ба шумор мерафт. Комбинат то 93% — и матоъи абрешими ҷумҳуриро истеҳсол мекард. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ то 10 000 нафар коргарон, кор мекарданд, ки қисми зиёди онҳоро, духтарону занони маҳаллӣ ва украину русҳо, ташкил намуда, дар се баст якҷоя кору фаолият мекарданд.
Як комбинати бузург дар аввали солҳои истиқлолият, қариб, ки аз кор монд. Сабаби фалаҷшавии он, сиёсати нодурусти хусусигардонӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ буд. Давлатҳои ғарб асосан Иттиҳоди Аврупо, давлатҳои алоҳида ва бонкҳои ҷаҳонӣ барои хусусигардонии заводу фабрикаҳои Тоҷикистон кӯмаки молии зиёд доданд. Вале кӯмакҳо ва грантҳои бебозгашт барои рушди ин соҳа ва дигар соҳаҳо самаранок истифода бурда нашуд, пас аз хусусигардонӣ, чунин як комбинати калон ба ҳоли худ гузошта шуд. Аввалан дастгоҳҳоро ба Ӯзбекистон кашонданд, пас боқимонда ба металолом табдил шуд, ки бо роҳҳои гуногун, аввал ба Қирғизистон ворид шуд, сониян ба Чин, ва ё бевосита ба Чин кашонда шуд.
Ҳоло корхонаҳои ҶСШК «Тоҷикатлас», корхонаи муштараки «Абрешим» — и Ветнаму Тоҷикистон кору фаолият мекунад. Имрӯз, ки Ҳукумат сиёсати либоси миллиро пеш гирифтааст, барои рушди ин соҳа эътибори ҷиддӣ дода шавад. Яъне фаолияти индивидуалӣ дар ин соҳа иҷозат дода, ба соҳибкорон, на танҳо шароити корӣ, балки ҳаматарафа кӯмак расонда шавад.
Додоҷон Ёқубов