Давлати Олмон гирифтани шаҳрвандӣ барои хориҷиҳои муқими ин кишварро осон мекунад
Давлати Олмон дар назар дорад гирифтани шаҳрвандӣ барои хориҷиёни муқими ин кишварро осонтар кунад. Қоида то ҳол чунин буд, ки ҳар фарде бо собиқаи дасти кам 8 соли зиндагӣ дар Олмон, метавонист дархости шаҳрвандӣ бидиҳад. Акнун аҳзоби сотсиал-демократ, сабзҳо ва демократи озод, ки давлати эътилофии Олаф Шолтсро ташкил медиҳанд бар сари коҳиши муддати иқомат ба тавофуқ расидаанд. Тибқи лоиҳаи нав 5 сол иқомат барои ироаи дархости тобеият кифоят хоҳад кард.
Таҳия ва танзими пешнависи лоиҳаи марбута тавассути вазорати кишвар метавонад дарёфти шаҳрвандии Олмонро барои хориҷиҳои муқим осон кунад. Дар мавридҳое, ки фарди муҳоҷир аз истеъдод ва маҳорати хоссе бархурдор бошад ин муддат метавонад то 3 сол ҳам коҳиш ёбад. Тасаллут бар забони олмонӣ ва фаъолиятҳои довталабона дар зумраи имтиёзоте ҳастанд, ки метавонад тӯли замони иқоматро коҳиш диҳанд.
Бо ин ҳол ин лоиҳа мухолифоне ҳам дорад. Фридрих Мертс, раҳбари ҳизби оппозитсиони сотсиали-масеҳӣ бо интиқод аз чунин барномае мӯътақид аст, ки Бундесрат онро таъид нахоҳад кард. (Бундесрат (bundesrat) дар канори Бундестаг, системи қонунгузории Олмонро ташкил медиҳад ва 16 Иёлоти ин кишвар дар он намоянда дорад. Бархе онро муодили Сено дар бархе системҳо монанди Амрико арзёбӣ мекунанд.)
Мертс мегӯяд: “ман дар мавриди бархӯрд бо қонуни шаҳрвандӣ ба шевае, ки эътилоф анҷом медиҳад, мулоҳизоти зиёде дорам. Шаҳрвандии Олмон чизе бисёр арзишманде аст ва бояд бо диққат ба он расидагӣ шавад.”
Раҳбари оппозитсион феълии Олмон мегӯяд: “дар зимн моил ба ёдоварии ин нукта ҳастам, ки тайи солҳои ахир мо имкони густариши ҳамаҷонибаи муҳоҷират ба бозори кор дар Олмонро фароҳам кардаем ва ин иддаоҳо, ки гуфта мешавад иқдоме сурат нагирифта, саҳеҳ нестанд. Чизе, ки бояд аз он иҷтиноб кард идғоми муҳоҷират дар бозори кор нест балки идғом он дар низоми иҷтимоии мост ва агар ҳадафи давлат эътилофи чунин чизе бошад бидуни шак бо он мувофиқат нахоҳем кард.”
Бо ин ҳол Борис Пайстуриус, вазири кишвари иёлати Нидерзаксен ва яке аз аъзои ҳизби демократи масеҳӣ эътиқоди дигаре дорад. Ў мегӯяд: “аз ин ки чунин афродро бахше аз ҷомеаи худ кунем қоидатан ба манфиатамон мешавад. Бинобар ин онҳо мисли як гурӯҳи пайваншуда бо ҷомеа нахоҳанд буд, ки фақат ҳуқуқи камтаре нисбат ба соирин доранд балки дар воқеъ гурӯҳе хоҳанд шуд, ки ба андозаи бақия вазифа ва тааҳҳуд доранд.”
Аз назари ин сиёсатмадори олмонӣ сатҳи бархурдорӣ аз муҳоҷирон ба андозае болост, ки Олмон бояд як кишвари муҳоҷирпазир бошад ва боқӣ бимонад.
Дар соли 2021 ҳудуди 132 ҳазор нафар тобеияти олмонӣ дарёфт карданд, ки дар муқоиса бо соли қабл аз он ҳудуди 20 дарсад бештар буд. Дар садри феҳрист афроде, ки шаҳрванди Олмон шуданд суриҳо, туркҳо ва руминиҳо дида мешаванд.