Корхонае, ки танҳо рӯзи сафари Раҳмон фаъолият кард
Корхонаи нави дӯзандагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки рӯзи 1-уми октябр ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон кушода шуд, пас аз чанд соати рафтани ӯ «аз кор монд». Биное, ки пур аз дастгоҳҳову дӯзандагон буд, ҳоло холӣ аст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Дар сомонаи президенти Тоҷикистон навиштанд, ки дар ошёнаи дуюми маркази тиҷоратии “Давлати Зафар” дар ноҳияи Рӯдакӣ “сехи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи кор ташкил шудааст ва дар он асосан занону духтарони хонанишин ба кор ҷалб шудаанд”.
Дар аксҳои хадамоти матбуоти президент ва гузориши телевизионҳои Тоҷикистон дар бино занон бо либоси ягона ва дар сари мошинҳои дарздӯзӣ тасвир ёфтаанд. Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо суҳбат карда, ба навиштаи сомонаи президент, барои таъмини занону духтарон ба ҷойи кор “баҳои баланд дод”.
Хабарнигори Радиои Озодӣ субҳи 2-юми октябр ба ин бино рафт, вале дар он ҷо дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва занҳои ҳунармандро надид. Бино пурра холӣ буд ва ба ҷуз чанд овеза дигар таҷҳизоте набуд.
Масъулини ҳукумати Рӯдакӣ мегӯянд, дӯзандаҳо хаста шудаанд ва барои истироҳат рафтаанд, вале чанд зане, ки дар навор дида мешуданд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз онҳо хоста шуда буд, нақши дӯзандаро иҷро кунанд.
Се зане, ки аксҳояшон ҳангоми суҳбат бо президент нашр шуда буд ва Радиои Озодӣ онҳоро ёфт (нахостанд, номашон фош шавад), гуфтанд, масъулони ҳукумати ноҳия аз онҳо хоҳиш карда буданд, то рафтани президент дар ин бино бошанд. Яке аз онҳо, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, “чаҳор рӯз пеш аз кушодавшавии коргоҳи дӯзандагӣ, аз ҳукумат занг зада гуфтанд, ки барои ширкат дар намоишгоҳ омодагӣ бинем”.
Дар хабарномаи сомонаи президент гуфта мешавад, “ҳамаи занону духтарон қабл аз он ки ба кор ҷалб карда шаванд, дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба омӯзиш фаро гирифта шуданд”. Зани дигаре, ки ҳангоми сафари президент ба ин бино оварда шуда буд, гуфт, ҳеч вақт ва дар ҳеч куҷо омӯзиш нагирифтаанд.
Маъмулан, Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳои кориаш ба шаҳру ноҳияҳо даҳҳо корхонаву марказҳои савдо ва мактабу беморхонаҳоро боз мекунад. Дар гузашта низ шикоятҳо буд, ки баъзе аз он корхонаҳо пас аз рафтани президент дигар аз фаъолият намекунанд.