Cухангӯи Гутерриш: СММ барои барасмиятшиносии Толибон лобигарӣ намекунад
Ба думболи вокунишҳои манфӣ ба изҳороти муовини дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар мавриди ба расмият шинохтани Толибон, Стефан Дуҷоррик, сухангӯи дабири кулл гуфт, ки Созмони милал барои шиносоии Толибон лобигарӣ намекунад.
Ӯ гуфт, ки танҳо давлатҳои узви Созмони милал дар мавриди ба расмият шинохтани Толибон тасмим гирифта метавонанд.
Аминаи Муҳаммад, муовини сармуншии Созмони милал рӯзи душанбе дар донишгоҳи Принстаун гуфта буд, ки дар ҷаласаи дабири кулли Созмони милал бо намояндагони хосси кишварҳо барои Афғонистон, бар сари роҳҳои ба расмият шинохтан Толибон баҳс хоҳад шуд.
Ӯ гуфт, ки кишварҳои ҷаҳон барои ҷилавгирӣ аз вахомати бештари авзоъ дар Афғонистон бояд бар масъалаи таомул ва шиносоии расмии Толибон баҳс кунанд.
Сухангӯи дабири кулли Созмони милал дар конфронси матбуотии худ талош кард, ки ин изҳороти Амина Муҳаммадро тасҳеҳ кунад. Дуҷорик гуфт, ки Созмони милал салоҳияти ба расмият шинохтани Толибонро надорад. Ў Амина Муҳаммадро мудофеъи ҳуқуқи занон тавсиф кард.
Дуҷоррик гуфт: ”воқеият ин аст, ки тибқи оинномаи Созмони милал, давлатҳои узв дар мавриди шиносоии расмии Толибон тасмим мегиранд.” Ӯ афзуд, ки таъкиди Созмони милал бар таомул бо Толибон ба маънои лобӣ кардан барои ин гурӯҳ нест. Ҳамчунин, ӯ эҳтимоли ҳузури намояндаи Толибон дар ин нишастро рад ё таъйид накард.
Дуҷоррик гуфт, ки дабири кулли Созмони милал дар пойтахти Қатар бо намояндагони кишварҳо дар пушти дарҳои баста дидор хоҳад кард то бар сари рӯйкарди ҳамоҳанг ва дидгоҳи муштарак дар мавриди Афғонистон бо онҳо гуфтугӯ кунад.
Мақомоти Созмони милал дар ҳоли гуфтугӯ бо Толибон барои рафъи мамнуъияти кори занони афғон дар ин созмон аст. Ба рағми эҳтимолоти аввалия дар мавриди хурӯҷи Созмони милал аз Афғонистон, муовини ЮНОМО рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки Созмони милали мардуми Афғонистонро дар шароити кунунӣ раҳо намекунад.
Амина Муҳаммад, муовини сармунши Созмони милал дар дифоъ аз шиносоии расмии Толибон гуфт, ки бо ин гом, ҷилави иқдомоти бадтари ин гурӯҳ гирифта хоҳад шуд.