11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

HRW аз СММ хост ба қазияи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кунад

Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch бо муроҷиате аз Созмони Милали Муттаҳид хост, ба қазияи онҳое, ки бо далелҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд,  ҳангоми баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кунад. Интизор меравад, ҷаласа моҳи июли имсол дар Женева баргузор шавад.

Ин муроҷиати Дидбони ҳуқуқи башар, ки 11-уми июн нашр шуд, дар он гуфта шудааст, ки аз соли 2014 то кунун беш аз 150 нафар аз фаъолони сиёсиву ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон, мухолифони сиёсӣ ва дигарон «бар асоси фаолияти сиёсӣ» ба зиндон маҳкум шудаанд.

Дар муроҷиат омадааст: «Дар фазои афзоиши саркӯбҳои сиёсӣ ва маҳдудиятҳои озодии баён, ки аз соли 2015 оғоз шудааст, даҳҳо нафар ҳукми тӯлонӣ гирифта, ҳукми онҳо дар дохили зиндон ҳам поймол мешавад».

Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳамеша вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ дар маҳбасҳои ин кишварро рад карда гуфтаанд, онҳое, ки дар гузоришҳои байналмилалӣ ҳамчун зиндонии сиёсӣ зикр мешаванд, ҳамчун ҷинояткор ҷазо гирифтаанд.

Дар муроҷиати Дидбони ҳуқуқи башар  ба СММ, дар бораи ошӯбҳо дар зиндони шаҳрҳои Хуҷанд ва Ваҳдати Тоҷикистон  гуфта шудаастаст, ки дар дохили зиндон шароити зоҳиран “ихтилоф миёни пайравони ДИИШ ва ҲНИТ” эҷод шудааст ва ин ҳолат “ба ҷони зиндониҳои сиёсӣ аз ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ хатар эҷод мекунад”.

Қарор аст, рӯзҳои 2-3-юми июл дар Женева гурӯҳе аз ҳукумати Тоҷикистон дар нишасте бо аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ширкат кунад.

Дар ин нишасти солона давлати Тоҷикистон ба Созмони Милали мутаҳид гузориш медиҳад, ки дар чанд соли гузашта барои иҷрои ӯҳдадориҳояш дар риояи ҳуқуқи инсон ва Паймони байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ чӣ корҳоеро анҷом додааст.

Навбати посух додан ба намояндагони Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 3-юми июл аст. Интизор меравад, дар ин нишаст ба суолҳо дар бораи аз муноқишаи дар  Хоруғ соли 2014 рӯйдода, бо кадом далел мамнӯъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ба зиндон андохтани раҳбарони ин ҳизб намояндагони ҳукумати Тоҷикистон посух хоҳанд дод.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *