Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ду баробар бештар масраф кардааст?
Тоҷикистон барои бахши беҳдошту дармони худ дар шароити коронавирус ду баробар манобеи таъйиншуда дар буҷети соли 2020-ро харҷ кардааст.
Бар асоси омори Вазорати молияи Тоҷикистон аз ибтидои соли 2020 то поёни ноябр барои бахши беҳдошту дармони кишвар як миллиарду 800 миллион сомонӣ харҷ шудааст, ки ду баробар аз манбаъи таъйиншудаи буҷети соли гузашта бештар аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳрвандони сироятёфтаву наздикони онҳо ва табибон мегӯянд камтарин дастгирие аз ҷониби ҳукумат надида, баръакс тамоми масорифро аз кисаи худ кардаанд.
Густариши коронавирус сабаб шуд, ки дар бахши даромади буҷети соли 2020 Ҳукумати Тоҷикистон бознигарӣ шавад, аз ин рӯ бахши даромади буҷет 2, 5 миллиард сомонӣ коҳиш ёфт.
Ҳамчунин касрии буҷети соли 2020 Тоҷикистон ба ҷойи 350 миллион сомонии пешбинишуда ба 3 миллиарду 100 миллион сомонӣ расид, ки барои ҷуброни он ҳукумати Душанбе маҷбур шуд бахше аз захираҳои тилои хешро бифурӯшад ва аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ низ кумак бигирад.
Бар ин асос Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон 189 миллион доллар кумаки молии бидуни суд ва Бонки Рушди Осиё 102 миллиону 100 ҳазор доллар ихтисос дод.
Душанбе аз Сандуқи субот ва рушди АвруОсиё низ 50 миллион доллар кумак дарёфт кард.