11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Милисаҳои гумондар дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов ба шиканҷа айбдор мешаванд

Се корманди ШВКД шаҳри Кӯлоб ки баъди  марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини ин шаҳр ва эътирози пайвандони ӯву чанде аз сокинони шаҳр боздошт шуда буданд ба шиканҷа айбдор мешаванд. Мурофиаи додгоҳии онҳо шурӯъ шудааст. 

Умед Ниёзов, вакили дифои оилаи Розиқовҳо дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, тафтишот се корманди милитсия — Шамшод Шарифов, Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматовро бо моддаи 143 иловаи 1-и  қисми 3 (шиканҷа) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҶТ айбдор мекунад.

Қаблан, онҳо барои “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” (қисми севуми моддаи 316-и Қонуни ҷиноӣ) айбдор мешуданд.

“Баъдан, дар рафти тафтишоти пешакӣ, муфаттишон моддаи 316-ро ба моддаи 143 иловаи 1 қисми 3 (шиканҷа)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бандубаст карда, ба додгоҳ ирсол карданд. Мурофиаи судӣ идома дорад”,- гуфтааст Умед Ниёзов.

Қаблан гузориш шуда буд, ки аз се корманди Раёсати корҳои дохилии Кӯлоб, ки дар робита ба марги сокини 37-солаи Кӯлоб Абдуқаҳҳор Розиқов дастгир шуда буданд, ду нафарашон ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод гардида, танҳо муқобили нафари сеюм, ба гумони “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” (қисми севуми бо моддаи  316-и Қонуни ҷиноӣ) парванда боз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Абдуқаҳҳор Розиқов шаби 2-юм ба 3-юми январ, пас аз боздошт аз сӯйи маъмурони милиса, ҷон бохт. Наздиконаш даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷа ҷон бохтааст, аммо мақомоти расмӣ мегӯяд, шиканҷа шудани ӯ ҳанӯз тасдиқи худро наёфтааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *