11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

SIGAR шаш омил фурӯпошии ҳукумати пешини Афғонистонро номбар кард

Дафтари бозраси вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон (SIGAR) дар гузорише ба омилҳои суқути ҳукумати пешини Афғонистон пардохтааст. 

SIGAR мегӯяд набудани омодагӣ барои хурӯҷи нерӯҳо, тавофуқномаи Доха, исрори давлат бар идғоми Толибон, инҳисори қудрат аз сӯи Ғанӣ, худдории Толибон аз музокира ва фасод дар раҳбарии давлат шаш омили умдаи суқути ҷумҳуриятанд. 

SIGAR дар гузориши ҷадиди худ ба Кунгираи Амрико мегӯяд ин шаш маврид омилҳои асосии суқути низоми ҷумҳурӣ будааанд. 

Ин Созмон дар тавзеҳи омилҳои суқут гуфтааст аз онҷое, ки мақомоти ҳукумати пешин ба хурӯҷи Амрико аз Афғонистон бовар надоштанд барои муқобила бо Толибон омодагӣ нагирифтанд. 

Ба гуфтаи SIGAR, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон интизор дошт, ки Ҷо Байден бо ба қудрат расидан тасмими Доналд Трамп мабнӣ бар хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро бекор кунад. 

Мувофиқатномаи Доха байни Толибон ва Амрико омили дувуми суқути ҷумҳурӣ зикр шудааст. Ба гуфтаи SIGAR, давлати пешини Афғонистон дар ин музокирот ҳузур надошт ва ин амр сабаб шуд давлат дар мавзеъи заиф ва Толибон аз қудрати бештар бархурдор шавад. 

Идғоми Толибон дар баданаи низоми ҷумҳурӣ аз дигар мавориде аст, ки аз назари SIGAR омили суқути ҷумҳурӣ шумурда мешавад. Ба гуфтаи SIGAR, ҳукумат ба раҳбарии Ашраф Ғани исрор дошт Толибонро дар низом ҷазб кунад аммо Толибон бо имзои тавофуқномаи Доха ба ҷойи музокира бар роҳи ҳали низомӣ таъкид карданд. 

Дар гузориши SIGAR омадааст, ки бо ағози музокироти байниафғонӣ, вазъияти амниятӣ шикананда шуд ва ҳамалоти Толибон нисбат ба соли қабли он 50 дарсад афзоиш ёфт. 

SIGAR омили дигари суқути ҷумҳуриятро шеваи ҳукуматдории Ашраф Ғанӣ унвон кардааст. 

Ба бовари ин созмон, Ашраф Ғанӣ бо як доираи бисёр маҳдуд аз вафодорони худ ҳукумат мекард ва ин шева мудирияти давлатро дар як замони ҳассос бесубот кард. 

Фасоди густурда дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ яке дигар аз авомили суқути ҷумҳурият шумурда шудааст. SIGAR мегӯяд тақаллуби давомдор дар интихобот ба далели рафтори ғоратгаронаи мақомоти давлатӣ, давлати Афғонистонро тазъиф карда ва бо ташдиди мушкили машрӯъият, ба нобудии он кумак кард.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *