11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон се гузаргоҳи дигар мақоми “байналмилалӣ” мегиранд

Дар Суғд се нуқтаи гумрукӣ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон мақоми “байналмилалӣ” хоҳанд гирифт

Илова бар ин, боз шудани ду гузаргоҳи иловагӣ дар назар аст.

Дар ин бора Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, гузаргоҳҳои гумрукии «Хаштяк», «Сарбанд» ва гузаргоҳи ноҳияи Зафаробод ба гузаргоҳи байнулмилалӣ табдил хоҳанд ёфт. Илова бар ин, фаъолияти ду гузаргоҳи иловагӣ аз сар гирифта мешавад. Интизор меравад, дар як моҳ ин масъала ҳал шавад».

Дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд аст, ки 5-тои онҳо дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаргоҳи байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Нуқтаҳои назорати байналмилалӣ шабу руз кор мекунанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *