ШАҲРИСТОНИ ҲУЛБУК. Бозёфтҳои аз ин ёдгорӣ пайдогардида намунаи санъати олии ҳунармандӣ буда, нотакрор мебошанд
ДУШАНБЕ, 06.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯзҳо дар шаҳристони Ҳулбук ковишҳои бостоншиносӣ идома доранд. Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ чунин баёни андеша намуд: — Дар натиҷаи ин ковишҳо садҳо ашёи гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ, аз қабили пораҳои зарфҳои […]