6 нафар ба Лукашенко рақиб мешаанд
Дар интихоботи президентии ҷумҳурии Беларус эҳтимол меравад, ки 7 номзад бо ҳам рақобат мекунанд.
Лидия Ермошина, раиси Комиссияи марказии интихоботҳои Беларус рӯзи 22 июн ба расонаҳо гуфт, ки то ҳол имзоҳои тарафдоронро раҳбари феълии давлат Александр Лукашенко, собиқ раҳбари “Белгазпромбанк” Виктор Бабарико, раҳбари собиқ Порки фанновариҳо Валерий Тсепкало, ҳамсари блогнавис Сергей Тихановский – Светлана Тихановская, собиқ вакили мардумӣ Анна Канопатская, ҳамраиси итиҳодияи ҷамъиятии “Рост бигӯ” Андрей Дмитриев ва раиси “Громада”-и сотсиал-демократ Сергей Черечен супурдаанд.
Ҳашт нафари дигар аз ширкат дар интихобот даст кашиданд.
ба гуфти Ермошина шумори дақиқи имзоҳои ҷамъшуда дар поёни санҷиши дурустии онҳо рӯзи 30 июн маълум мешавад. То 22 июн тамоми бастаи зарурии санадҳо барои сабтиноми номзадии интихоботиашро танҳо Виктор Бабарика пешниҳод кардааст.
Гуфтанист, рӯзи 18 июн Виктор Бабарика ҳамроҳ бо писараш Эдуард боздошт шуда буданд. Ба онҳо иттиҳоми ҷиноӣ эълон шудааст, вале то ҳол маълум нест, ки онҳоро дар чӣ гумонбар медонанд. Дар Кумитаи назорати давлатӣ қаблан гуфтанд, ки Бабарико нақшаҳои пулшӯиро амалӣ карда ба хориҷа маблағ интиқол додааст. Дар доираи ин иттиҳомот 20 корманди бонк боздошт шудаанд.
Бабарикоро рақиби калидии Лукашенко дар интихобот меноманд. Интихобот рӯзи 9 август барпо мешавад. Лукашенко, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, бори шашум дар интихобот номзад мешавад. Мухолифон мегӯянд, ки Лукашенко зидди мухолифон саркӯбу фишорро раво мебинад.