Аскар барои латукӯб ба 5 сол маҳкум шуд
Зодаи вилояти Суғд Кароматулло Мирзоеви 20-сола барои лату кӯби ҳамхизматаш ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.
Мирзоев дар наздикии хонаашон хиззмати ҳарбиро адо мекард ва то охири муҳлати хизматаш ҳамагӣ 1 моҳ боқӣ монда буд.
Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба манбаъаш дар Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд навиштааст, ки нимаи аввали соли равон Мирзоев наваскарро “барои густохӣ нисбати сержанти хурди қисми ҳарбӣ” лату кӯб кардааст.
Ба иттилои манбаъ “аз зарба ҷоғи поёни наваскар шикаста, ӯ бо ҷароҳати сатҳи миёна дар бемористон бистарӣ мешавад”.
Ба гуфтаи манбаъ, Прокуратураи ҳарбӣ нисбат ба Кароматулло Мирзоев мутобиқи моддаи 373, қ. 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.
Дар ин модда аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ гардидааст. Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо назардошти хислатомаи мусбат аз ҷойи хизмати айбдоршаванда ва қаблан доғи судӣ надоштани Мирзоев, ӯро ба 5 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.